Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Холааш буд, хоҳари кўчаки модараш.
Дилаш ногаҳон беҳузур шуд, бозўйи пиразанро дар канори зинаҳои айвон раҳо карду худро ақиб кашид.
Ин дам нигоҳи ақрабои марҳум ба хола Қалам афтод ва навҳаву фиғон дубора ба фалак печид.
– Хола биё, ҳамсояи нозанинатро бубин, имрўз меҳмон аст, мераваду дигар ўро намебинӣ! – Духтараки наврас ин ҳарфҳоро гуфту фиғон кашид ва худро рўйи ҷасади модараш афканд. Зан аз ў чашм барнамедошт, духтарак зоҳиран ҳабдаҳ-ҳаждаҳсола буд.
«Шояд ҳамон соле ба дунё омад, ки пойи ман аз ин хона канда шуд, аҷаб, намедонистам хола обистан буд…»
Нигоҳҳо ба тарафи пиразани музтару ҳайрон дўхта шуданд. Хола Қалам мисли тифли аз домони модар бурида, ҳаворо бо дастонаш ламс мекарду такягоҳ меҷўст.
Духтари ношиносе назди зинаҳо такопў дошт, кафшҳои меҳмононро аз сари роҳ мебардошт ва барои онҳо дар айвони пурҷамъият ҷой радиф мекард. Ў холаро аз зинаҳо боло бурд ва дар паҳлўи хешони марҳум нишонд. Бастагони марҳум чеҳраи майитро барои ҳар нафари тозаворид боз мекарданд ва яке аз дигаре баландтар фарёд мекашид.
Духтари навраси ў аввал махмали сабз ва сипас чодари сафедро аз рўйи модараш ақиб зад, сурати беҷону ношиносе пеши чашми зан ҳувайдо шуд. Аз дидани ин чеҳраи ношинос ларза бар андомаш афтод. Хола Қалам даст ба пешонаи мурда расонд ва ингор санги мазорро зиёрат мекард, ки ангуштонашро бўсиду ба дида молид. Аз ҳаракати лабони борикаш, ки ба он даҳони бедандон дохилу хориҷ мешуд, пай бурдан мумкин буд, ки ў чизе мегуфт, аммо каламоти номафҳумаш дар пасманзари оҳу фиғони духтарони марҳум шунида намешуд.

пешина
аз 313
навбатӣ