Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Фарёди дастаҷамъона, ки дар он баландии садо эҳтимол мизони дардро мушаххас мекард, ҳудудан даҳ дақиқа идома ёфт, бастагони марҳум саранҷом беҳолона сокит шуданд ва ҳамон духтараки канори зинаҳо барояшон об овард, то гулўҳои хушкро тар кунанд.
– Гиря кунед духтарҳо, нола кунед, зеби мурда гиря асту зеби тўй рақсу бозӣ, – гуфт пиразане, ки дар канори духтари бузурги марҳум менишаст. Ў бо остини кушодаш худро бод медод ва алангуҳои филизиаш ба ҳам бармехўрду ҷаранг-ҷаранг садо дармеовард.
Зан ўро шинохт, модаршўйи холааш буд, ҳамон зани шаттоҳи ҷангара, ки ҳар бор меомаду оташи низоъро дар хонаи писараш бармеафрўхт ва аз нороҳатии арўсаш лаззат мебурд. Мехост сунҳораш дар ин дунё набошад, то писараш бо зани хости дили модар издивоҷ кунад.
«Билохира ба орзуяш расид, келин мурду модаршў мисли каргас болои сараш нишастааст».
Охирин бор ин занро ҳаждаҳ сол пеш дар ҳамин хона дида буд. Як шавҳари фалаҷи аз худаш чандин сол бузург дошт, ки ҳамон сол аз дунё даргузашт. Модаршўйи хола аз хушҳолӣ ҳатто либоси мотам ба бар накард, хеле зуд ба чашмони дудиаш сурма зад ва зулфҳои шабеҳи пари зоғашро дар ду бари рў парпар кард. Гуноҳаш бар гардани худаш, аммо мегуфтанд, чанд донишҷўйи иҷоранишин дорад ва «нерў»-и онҳоро мисли хуношоми пир мебалъаду рўз ба рўз ҷавонтар мешавад... Сурати ҷаззобе дошт.
Аммо ҳоло бо шонаҳои хамзада, пилкҳои овезон ва чеҳраи пур ожанг тавре менамуд, ки ингор замон бо юғу сипор аз сураташ рад шуда буд.
Духтарҳои марҳум дар посух ба ташвиқи пиразан ҳар се беҳолона мўя кашиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё