Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Нагуфт он марди зандор кӣ буд?
– Ман напурсидам.
– Агар бигўям, шояд бовар накунед, чун ин достон ба андозае боварнокарданист, ки ақли одами солим тавони қабулашро надорад.
Парастор бо чашмони хумории хоболўд ба ман хира шуд. Достонро аз аввал то ба охир ба ў гуфтам. Барои аввалин бор тамоми саргузаштамро ба як нафар ошкоро ва бидуни пинҳон кардани ҳақоиқ қисса кардам. Намедонам чӣ қадар ҳарф задам, эҳтимол хеле зиёд, зеро вақте охирин ҷумларо мегуфтам, шамъ низ ду се бор лип-лип карду хомўш шуд. Мо дар он торикӣ танҳо садои нафасҳои якдигарро мешунидем, на ман ва на ў ҷуръати шикастани ин сукутро надоштем.
Парастор чанд бор гўгирд зад, то пилтаи шамъи дигар оташ гирифт ва хона дубора нимарўшан шуд. Чашмони намкашидаи ў дар рўшноии шамъ барроқ ва бузургтар менамуданд.
– Духтур муҳтавои ҷарроҳиро бароят шарҳ надод?
– Ў бо ман аслан ҳарф назад.
– Баъди наркоз зуд ба ҳуш омади... Магар садое нашнидӣ?
– Ёд надорам, он лаҳза ҳамаро дар пардаи меғ медидам, гўшҳоям қуфл зада буданд.
– Ҳмм...Инҷо истоданат амн нест, холаат роҳи ин хонаро медонад.
– Чаро бояд думболагирам кунад? Ў аз ман безор аст.
– Ту воқеан намефаҳмӣ? Коре, ки бо ту кард, ғайриқонунӣ буд, ў мутахассиси беҳўшӣ нест, аз салоҳияти худ фаротар рафт... Ноилоҷ буд, наметавонист ба танҳоӣ ҷарроҳӣ кунад, вагарна маро ҳам вориди ин қазия намекард.
Ман он вақт беақл будам, фикр мекардам, ки тамоми бадбахтиҳоям бо он тифли бегуноҳ сақт шуд ва рўзе метавонам ин сафҳаи торики зиндагиамро бо ҳамон кобусҳои нимашабӣ ба боди фаромўшӣ биспарам.

пешина
аз 313
навбатӣ