Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шахсияти дуюмаш чаҳор моҳ пас аз издивоҷам рў зад. Дар он қолаб ў худро як духтари ҷавон мепиндошт, сураташро мисли занҳо оро медод, пероҳани занона ба бар мекард, зару зевар ва кафшҳои пошнадор мепўшид. Ба касе гардан намедод, мехост бо он ҳол ба кўча барояд.
Ман аз тарсу ҳайрат ба гўшае паноҳ мебурдам, рўзҳо берун намешудам ва бародарамро барои ин издивоҷ нафрин мекардам.
Шахсияти дуюми ҳамсарам маро чашми дидан надошт, ҷойи куштанамро намеёфт, мегуфт: «Ин ҷўгӣ дар хонаи мо чӣ кор мекунад!?» ва чўберо мегирифту ба думболам медавид. Гоҳо чунон латту кўбам мекард, ки аз ҷой басахтӣ баланд мешудам. Рафтори падаршў ва модаршўям тавре буд, ки гўё ба издивоҷ бо ин мардаки гоҳ ҳушёру гоҳ девона барои ман лутфи бузурге кардаанд.
Зўри падараш ба он девона немарсид намерасид, танҳо бародари бузургаш, агар дар хона мебуд, ўро дар таҳхона, пушти дарҳои баста нигоҳ медошт ва мулло меовард то «азоим» аш кунад. Дар чунин рўзҳо, дари хона баста мешуд, то касе аз маризии писарашон бў набарад.
Бо ин ҳол пас як сол бордор шудам, бордориам рўйи ҳамсарам таъсири хуб гузошт ва шуда буд ҳамон ҷавони ошиқу меҳрубон. Гоҳо даст ба шиками дамидаам мебурдам ва бо худ механдидам, ки ин бача аз кмари он ҷавони меҳрубон бошад, ё аз он духтари девонахў.
Хулас, нуҳ моҳу нуҳ рўз гузашту як тифлаки хушгил ба дунё овардам. Ҳамсарам бачаро диду каҷ-каҷ ба ман нигоҳ кард, аз садои кўдак девона мешуд, фарёд мезад:
«Инро ба ҷое бубар, ки аз онҷо овардӣ!»
Қарор шуд ман бо кўдакам як муддат ба хонаи бародарам баргардам, то ҳамсарам ба бачадориаш канор биёяд.

пешина
аз 313
навбатӣ