Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ў пас аз ду моҳи рафтани ман худкушӣ кард, на барои ман ё кўдакам, фикр мекунам бо он шахсияти дигар дар ҳоли ҷангу ҷидол буд ва билохира аъсоби яке аз онҳо ба ин задухўрдҳо тоб наовард.
Хонаводаи ҳамсарам баробари аз пистон ҷудо шудани кўдак, ўро бо суду судбозӣ аз ман гирифт. Қозии парванда гуфт, ки ман ба унвони як модари танҳо ва бехонаву беҷойи кор барои бузург кардани кўдак шароити мусоид надорам, беҳтар аст, агар бача дар хонаводаи падариаш бимонад. Аз рўйи қарори додгоҳ ҳақ дорам писарамро ҳафтае як бор бубинам, аммо хонаводаи ҳамсари марҳумам дарро ба рўям боз намекунад. Як моҳ шуд писарамро ба боғчаи бачаҳо доданд, акнун имкон дорам ўро ҳар рўз аз пушти панҷара бубинам... Ана ҳамин хел достони талх...
Дигар ба хонаи бародарам барнагаштам, аз ў сахт малол шудам. Ба ин ҳавлӣ ҳам наомадам, чун шароити хуб надорад. Дар кўча мондам. Як дўсти ҷонӣ дорам, бо номи Муҳаббат, ки худаш ҳам махзани муҳаббат аст, бо ҳам дар Коллеҷи тиббӣ таҳсил мекардем. Ҳодисаро ба ў гуфтам, бароям як нишонӣ дод, гуфт, ки фардо ўро дар ҳамонҷо интизор шавам.
Бо дугонаам дар назди як бинои сетабақаи шабеҳи хобгоҳи донишҷўён мулоқот кардам. Иморат деворҳои баланд ва дари мустаҳками оҳанӣ дошт, мисли як муассисаи амниятӣ буд. Дўстам тугмаи сиёҳи бағали деворро пахш кард, аз гўшаи номаълум садои мардона баланд шуд, мепурсид, кӣ ҳастем ва чӣ мехоҳем. Муҳаббат номи касеро ба забон овард. Садои мардона ба куҷое занг зад ва барои боз кардани дар иҷоза хост. Ман аз чунин чораҳои амниятӣ тааҷҷуб кардам, аммо дўстам чашмак заду гуфт, ки нигарон набошам.

пешина
аз 313
навбатӣ