Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зани ҷавоне моро дар остонаи дар пешвоз гирифт, худашро Асал муаррифӣ кард ва бо меҳрубонӣ ва лабханди дилнишин дастамро фишурд. Меҳрубонии ў ба мани бадбахти бехонаву дар ва даркўчамонда оромиш бахшид.
Хонуми меҳрубоне буд, сарнавиштамро бо тааҷҷуб шунид, гуфт, ки то пайдо кардани ҷойи кор ва сарпаноҳ метавонам як муддат инҷо бимонам.
Ду моҳро онҷо гузарондам, то ҷойи кор пайдо кардам ва хонаеро ба иҷора гирифтам.
– Ин достонро ба ин хотир гуфтам, ки агар бихоҳӣ метавонам туро ба Асал муаррифӣ кунам.
– Хола бифаҳад, барои шумо дарди сар дуруст мекунад.
– Муҳим нест, зоишгоҳ нашуд, меравам ба бемористони дигар, ҳоло бояд туро наҷот дод. Чӣ гуфтӣ?
– Ҳарчи шумо бигўед.
– Пас бихоб, фардо бо Асал тамос мегирам.
Намедонам, афроди бадбахти дигар чунин эҳсосро таҷруба кардаанд ё хайр, аммо ман он замон як мавҷуди беирода ва раҳгумзадае будам, мисли пари қў дар масири бод, ҳар куҷо бод маро мебурд, мерафтам. Ё шояд ин ғаризаи зистан буд, ки дастамро сар намедод ва ман дар ҳар нафар халосгарро медидам».

Санам муддати зиёде канори панҷара нишаст ва саҳафоти китоби зиндагиашро варақ зад. Ҳаво рў ба торикӣ
меовард ва чароғҳои хиёбони марказӣ яке пушти дигаре
рўшан мешуданд. Хаста буд, аммо хобаш намебурд, номаи холаро огоҳона аз сабади варақҳои нозарур берун
овард, гўшаҳои ғиҷимшудаашро ҳамвор кард ва китоберо тасодуфӣ аз ҷевон бардошт. Номи китобро хонду
пўзханд зад. «Номаи зани ношинос»-и Стефан Тсвейг. Ин китобро як моҳ пеш дар истгоҳи фурўшгоҳи марказӣ аз як пиразани рўзномафурўш дар ивази чиҳил сомонӣ харид.

пешина
аз 313
навбатӣ