Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нигоҳи чашмони шигифтзадаи пиразан ба думболи Найсон то васати ҳавелӣ рафт. Ў танҳо касе буд, ки мефаҳмид аз сари навааш чӣ мегузарад, аз ин рў кисаи сангини анвои ғизои дар чанд рўз ҷамъ овардаашро аз замин бардошт ва мисли мор бесадо аз дар берун хазид.
Найсон бо ҳамон ҳолати ҳайратовар васати ҳавелӣ мутаваққиф шуд, нигоҳаш беихтиёр рўйи бому дар ва пардиси хушкидаи канори ҳавз парса мезад. Гўё ин хонаро бори аввал медид. Хоҳаронаш дарро аз паси модарбузург бастанду аз дур рафтори ғайримаъмулии Найсонро назора мекарданд. Ногоҳ чашми Найсон ба додараш афтод, ки бо як даста албомҳои гардолўди хонаводагӣ ва мўйҳои печида ба тори анкабўт аз болохона поин меомад. Завқу шавқ дар вуҷудаш ба сахтӣ мегунҷид, албомҳоро маҳкам бағал карда буд, то аксҳо аз миёни саҳафоти дарида сарозер нашаванд.
– Найсон, инҳоро аз болохона пайдо кардам... Замини болохона пур аз ин аксҳост, гўё касе амдан онҳоро дар ҳар гўша парт кардааст.
Хоҳараш ҳамоно сокит буд. Ҷавонак тааҷҷуб кард, ки чаро кашфиёти ў таҳсину офарин барнаангехт.
– Чанд дона аксро дар болохона тамошо кардам, лаҳзаҳои ҷолибе аз зиндагии хонаводаамонро, тасаввур мекунӣ, таърихи хонаводаи мо дар даҳҳо акси нодир! Гарду ғуборашонро пок мекунаму якҷо ба тамошо мепардозем.
Аммо ҳанўз пой ба паллаи охири нардбон нагзошта буд, ки Найсон бо ҳамон шиками дамида ва ҷуссаи вармосида худро мисли бод ба ў расонд, олбумҳоро бо ғазаб аз дасташ берун кашиду ба самти ҳаво дод.
Даҳҳо акс аз миёни саҳафоти даридаи албом берун парид, бахше дар буттаи гулҳои хушкида дармонд ва қисме рўйи ҳавзи пур аз лаҷан хобид.

пешина
аз 313
навбатӣ