Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Даҳони ҷавонак аз тааҷҷуб боз шуд, дастони ба пеш ёзидааш дар ҳаво дармонд, ў бо ҳайрат ба Найсон нигоҳ мекард ва намедонист, ки чаро мўҷиби чунин бархўрд шудаст.
Найсон ба хоҳарони моту мабҳуташ ва сипас ба додараш, ки ҳанўз пой дар паллаи охири нардбон дошт, зерчашмӣ нигоҳе афканду гуфт:
– Гарду ғубор дарун ба даруни ин тасвирҳо хуфтааст...
Баъид медонам, ки чунин касифӣ бо ин содагӣ пок шавад.
Ў дар остонаи айвон таваққуф кард ва муддате ба паллаҳои фарсуда хира шуд. Маълум набуд аз он паллаҳо чӣ меҷўст. Нигоҳаш аз поён ба боло ва аз боло ба поён парса мезад. Монанди бозигари театри якнафара буд, бо сужае, ки муҳтавояшро ба ҷуз худаш касе намедонист. Саранҷом, бо ҳаракоти шабеҳи ҷилваи кунди навори синамоӣ як-як аз шаш зина боло рафт ва дар паллаи охирин манъ шуду назаре ба поён андохт. Баъд, даст рўйи зону гузошту нафаси дар сина ҳабсшударо ба шиддат берун овард ва дастгири дари утоқи Санамро бо қотеъият ба тарафи худ кашид.
Ба маҳзи боз шудани дар, боди сарди номуносиби гармои тобистон ба рўяш зад ва ўро лаҳзае дар остона нигаҳ дошт. Ингор на дари утоқ, балки сарпўши оромгоҳи Моҳистонро боз карда буд. Найсон ин утоқро ҳеҷ гоҳ дўст намедошт, мегуфт, ки ҳолаи нохушоянд дорад, мисли хонаи хоби як мурдаи дерина, ки ба эҳтироми рўҳи ў нигоҳаш медоранд, аммо ҳеҷ кас намехоҳад онҷо бихобад.
Танҳо Моҳистон ба ин ҳуҷра алоқамандӣ дошт ва нагузошт хона ба макони васоили нодаркор табдил шавад.
Ҷевони китоб ва сандуқи молу матои гаронбаҳояшро ба ин хона кўчонд ва саранҷом худаш низ ба инҷо нақли макон кард. Вақте маризиаш шиддат гирифт, нахост фарзандонаш соатҳо сари болини ў бемордорӣ кунанд, гўё ошиқи танҳоияш шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё