Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ниҳоят чӣ фикре кард, ки бо аҷала қаймоқро пеш кашиду як пора кулчаро ба коса ғутонд.
Гиребони куртаи рах-рахаш аз кӯтоҳии гардан то гӯшаш мерасид ва ҳар бор ба сӯи дастархон гардан меёзонд шабеҳи сангпуште мешуд, ки дар майсазор сар аз хонаи пушташ берун мекунад.
Ӯро намешуд, марди баднамо гуфт, чашму биниву даҳонаш гӯё ба ҳам мутаносиб буданд, аммо нигоҳаш як сардие дошт, ки мӯйро дар пушти зану фарзандонаш рост мекард. Аз зоҳир синну солашро намешуд ҳадс зад, на пир буд на ҷавон. Аксҳои замони ҷавониаш аз аксҳои ҳозирааш зиёд фарқ намекарданд, гӯё аз модар бо ҳамин шакл ба дунё омада буд. Қошу қавоқи доимо гирифтааш, ҷӯяҳои ожангро дар пешониаш амиқтар мекарданд.
Зан бо остини васеъи куртаи читаш як орӯи хираро, ки виз-виз мекарду ҳар замон ба косаи асал нӯл мезад, аз сари суфра меронд ва гоҳ гоҳ дуздида ба шавҳараш менигарист, ҳолу ҳавои ӯро бо нигоҳ ламс мекард. Табассуми мармузе дар лабонаш сайр дошт, мисли одаме, ки ҳарфи аҷибе дорад ва агар он ҳарфро бигӯяд, ҳамсуҳбаташ аз ҳайрат ангушт мегазад. Ҳарфе ҳам надошт, танҳо мехост ба ин субҳонаи буғзкарда каме сафо диҳад.
Ӯ зани миёнсоли хушандомест, ки нишонаҳои ҳусни азалӣ ҳанӯз аз чеҳрааш нарафтааст ва ҳар кӣ чашмони бодомӣ, чеҳраи чун барф сафед ва камони абрӯвону раддаи мижгонҳои хамгаштаашро бубинад, ба худ мегӯяд, ки ин зан дар ҷавонӣ чӣ қалбҳоеро шикаста бошад! Аммо ӯ ба ҷуз ин марди бадқавоқ, ки на ҳуснашро мебинаду на худашро ва умре ӯро, ба истилоҳ, дар пучоқи писта ҷой додааст, марди дигареро намедонад. Онҳо ҳар саҳар мисли ҷуфтҳое, ки даҳсолаҳо дар як болин бо ҳам сар ниҳодаанд, якҷо субҳона мехӯрад, гӯё бо ҳам ҳарф мезананд, аммо дар асл ин суҳбат аз силсилаи саволҳои зан иборат аст, ки мард, агар хушаш биёяд ба онҳо посух медиҳад, хушаш наояд рӯй турш мекунад.

пешина
аз 473
навбатӣ