ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ин марди қадаш аз миёна паст, ки худро аз будаш бештар босалобат ва босиёсат нишон медиҳад, мироби калони колхоз аст ва дар зери дасташ даҳҳо коргар дорад.
Дар фасли кишту кор соҳибони мазрааҳои хусусӣ даст пеши бар ӯро “акаи Сафар” садо мекунанд, тамаллуқ мезананд ва ҳатто ришва медиҳанд, аммо дар поёни мавсими обёрӣ ӯ боз “калтаи Сафар мешавад”. Аз бунёд хулқу хӯи хуб надорад ва азбас мардум эҳтиромаш намекунанд, бештар уқдаӣ мешавад.
На дӯст дорад, на касеро дӯст медорад.
Зиндагиаш серу пур аст. Падараш боғдорӣ номӣ буд, ҳатто вазирҳо ба пешвозаш аз мошин пиёда мешуданд.
Салобат дошт. Мегуфтӣ, раиси колхоз аст. Ҳамсари боғдор зани ранҷуре буд, ки дар миёнсолӣ барои ӯ як писар таваллуд кард ва дигар аз зоидан монд. Духтари холааш, ки буд, дили боғдор нашуд, ки ба болояш зан биёрад ва бо ҳамин як фарзанд қаноат кард. Чун ҳама тоқафарзандҳо эрка бузург шуд ин писар, бадхӯ буду аз ҳама норозӣ, созаш бо касе ҷӯр намешуд.
Ба синни бист қадам гузошта буд, ки мӯйсафед дар пайи ҷустуҷӯи арӯс шуд. Гуфт, шояд зан бигираду одам шавад.
Барои ӯ духтари зеботарин, ҳамин зани ҳоло дар рӯ ба рӯяш нишастаро таги чашм кард, ки он замон ҳабдаҳсола буду дили даҳҳо ҷавони дигар дар ғамаш кабоб. Духтар номзади гаҳворабахш дошт ва дилаш барои ӯ гум мезад. Овози ҷавонро мешуниду мехост ин садои гӯшнавоз ҳеҷ гоҳ хомӯш нашавад, барояш хат менавишту дар сӯрохи девор мегузошт ва барои гирифтани ҷавоби хат соатҳо чашм аз девор намеканд. Аммо рӯзе, ки боғдар ба хосгорӣ омад, волидони духтар қариб аз хурсандӣ шодикаф шаванд. Модараш бошитоб кунда ва порчаи матоеро, ки зани ҳамсоя ҳабдаҳ сол пеш бо нияти пойбанд кардани духтар аз сари девори онҳо парт карда буд, баргардонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё