Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гӯшҳои хамидаи саги сиёҳ, ки ду се қадам дуртар дар зери дарахти себ пинак мерафт, сих шуданд ва забонаш чун нони чапотӣ аз танӯри даҳонаш берун баромад. Саг аз устухону лабони равғанолӯди соҳибаш чашм намеканд, вале мард устухонро он қадар хоид, ки дар он як пилта гӯшт ҳам намонд ва ниҳоят “ма, бигир!” гуфту устухонро ба сӯи саг ҳаво дод. Саг ба мисли бозигарони сирк устухонро аз ҳаво бардошт ва шитобон ба гӯшае дигари ҳавлӣ давид, то луқмаи лазизро дар хилват нӯши ҷон кунад.
Мард аз чолокии саг завқ кард ва ба ними лаб хандид. Занаш аз ин табассуми нималабӣ фоли нек бардошту хост арӯсталбони духтари хурдиро бо шавҳараш дар миён гузорад, аммо намедонист гапро аз чӣ сар кунад. Духтари хурдӣ ним сол пеш издивоҷ кард ва акнун ҳар рӯз ба модараш занг мезанад, ки кай ӯро бо домод ба хонаи падар “металабанд”.
Маъракаи “талбон” хароҷот дорад, мисли як тӯйи хурд аст, мард дар авҷи киштукор ба гуфтаи худаш барои ин “нағмаҳо” вақт надорад.

  • Фотима телефон кард, гуфт дадама ёд кардам, ҳар шаб ба хобам медарояд. ...гуфтам кори падарат бисёр аст, каме сабуктар шавад туро бо домод даъват мекунем. Шояд охири ҳамин моҳ даъват кунем духтарамро, чӣ гуфтед мардак? - бечораҳолона илтиҷо кард ӯ.
    Мард гӯё саволи ӯро нашунид. Ба болишт каҷпахлу зада, гӯштҳои дар байни дандонҳояш дармондаро бо дандонхилол берун мекашид. То гӯшаҳои дандонҳои курсиашро кофт.
    Ниҳоят дандонхилоли хунолудро дар лаби дастархон гузошту даҳонашро бо як ҷуръа чойи нимасард чайқонда ба пушти кат туф кард.
    Зан ҳис кард, ки имрӯз ҳам гапаш ба ин марди шахшул намегузарад ва риштаи суҳбатро ба тарафи дигар тоб дод.
  • Имрӯз дар замини назди хирманҷо кор мекунед? - пурсид ӯ бо эҳтиёт.
пешина
аз 473
навбатӣ