ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Сипас пушт ба зан мекунад ва ҳавлӣ аз хурроси қаноатмандонааш пур мешавад.
Зан ҳам тадриҷан ба бадфеълии шавҳараш одат кард, бо дағалиаш канор омад. Ҳамзистияш бо ӯ мисли ҳамзистии ромкунанда бо паланг шуд. Зан барои сари нахи масъалаеро боз кардан фурсати муносиб мекобад, ҳолу ҳавои шавҳарашро меомӯзад, тамаллуқ мезанад ва сипас ҳарфашро мегузаронад. Барои ҳарфгузаронӣ гоҳҳо ҳафтаҳо пайт меҷӯяд.
Аз зиндагиаш шикоят надорад, хӯрдагиаш дар пешаш нахӯрдааш дар амбор, сад кас аз лаби дастархонаш нон мехӯрад. Аммо ишқи зебое, ки ба писари ҳамсоя дошт, чун ҷанини рушднакарда дар батнаш устухон шуд ва ҳоло гоҳгоҳ вақте танҳо гов меҷӯшад ё дӯғ мекашад он ишқ аз таҳхонаи қалбаш дар шакли рубоиҳои пуралам берун мехазад ва ашкҳояш дона-дона ба домонаш мерезад.
Кампири Сокина гоҳ-гоҳ мегӯяд:
- Ҳазор офаринат, зан, каси дигар ба ҷойи ту мебуд бо ин мардаки калтаи бадхӯ сабзаи хокаш як ваҷаб мешуд, туро як тори мӯй ҳам сафед нашудаст!
Зан ба гапҳои Сокина механдад. Қади кӯтоҳи шавҳараш то гӯшҳои зан мерасад ва гоҳ-гоҳ, ки ҳамроҳ ба бозор ё маъракае мераванд, мисли шикорчӣ бо сагаш, мард пеш-пеш ва занаш дуртар аз ӯ қадам мезанад.
Ин саҳар низ зан ҳарфе барои гуфтан дошт, аммо гуфтугӯи шаби гузаштаро ба ёд оварду аз фикраш гашт. - Ҳар чӣ имрӯз шасти гармо паст шуд, вагарна мепухтем, аҷаб гарм омад ин тобистон, - гуфт зан ва занбӯреро, ки кайҳо париду рафт, ҳанӯз ҳам бо остини васеяш аз дастархон “дур” мекард.
Мард ҳарфи занашро об надод, ӯ косаи нимхолии қаймоқро як сӯ гузошту лаъличаи гӯштро пеш кашид.
Порчаеро бардошт ва як гази калон гирифт. Равған аз гӯшаи лабонаш ба риши нотарошидааш ва аз байни агуштонаш ба пушти дасташ шорид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё