Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сояаш дар партави чароғ ду баробар аз худаш бузургтар менамуд. Ӯ як дам ба сояи қадбаландаш хира шуд. Тоқии бораҳояш баланд дар гардани борикаш мисли гумбаз менамуд. Тоқиро бо кароҳат аз сараш кашиду ба шохи ангур овехт. Дар байни ҳавлӣ хеле рост истод, фикрҳое зеҳнашро банд мекарданд. Сипас дастонашро дар лӯлаи оби сард шӯст ва рост ба хонаи хобаш гузашт.
Фаришта аз назди панҷара дур шуд, дилаш мехост ба ҳавлӣ барояд ва ба суҳбати волидонаш гӯш диҳад, аммо чашмаш ба хоҳарзодааш афтид, ки дар интизори афсонаи бузак қанди нимхоида дар даҳон рӯи гилем хобаш бурдаст.
Ашкҳояш дар нӯги мижгонҳои дарозаш медурахшиданд ва шираи қанд аз даҳонаш ба замин мечакид. Аз пешонии кӯдак бӯсиду қандро аз даҳонаш берун овард, лабони часпакашро бо латтаи тар тоза кард ва хост ӯро ба тахти хоб бубарад, аммо кӯдак бедор шуду модарашро садо кард.
Холааш дастпоча шуду кӯдакро ба оғӯш кашид ва хеле “алла” гуфт то хобаш бубарад. То кӯдакро хоб бурд, ки хурроси падараш дар ҳавлӣ танин андохт.
Азбаски дер хобаш бурд, саҳар дер бедор шуд. Аз фахфахи дӯғкашии модараш бедор шуд, ки дӯғ мекашиду тарона мехонд ва чахчӯб бо оҳанги рубоиҳои аламии ӯ чарх мезаду мавҷи кафкҳои тиллорангро дар хурмаи сафолӣ баланд мекард.
Фаришта дасту рӯяшро шусту аз ҳавз об бардошт ва ҳавлиро шакарнам кард, то чанг нахезад. Соат ҳашти саҳар буд, падараш ҳоло бояд ба кор мерафт, аммо ғур-ғураш аз ҳуҷраи хоб ба гӯш мерасид. Вақташ хуш буд, кадом таронаи маъруфро, ки на матнашро дуруст медонист ва на мусиқиашро, ба равиши худ, чаппаву роста мехонд ва ҷойи матнҳои надонистаашро бо ғинг-ғингу ҳуштаккашӣ пур мекард.
Ҷорӯбро аз кунҷи ҳавлӣ бардошту хост поккориро аз назди дарвоза шурӯъ кунад, аммо аз фикраш гашт.

пешина
аз 473
навбатӣ