Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷорӯб задани ин ҳавлии калон, ки ба андозаи саҳни мактаби деҳа бузург аст, вақт мегирад, ӯ таҳаммули як соату ним соатро надорад, дилаш беқарор аст. Ҷорӯбро партофту шитобон ба ошхона рафт. Модараш акнун корашро анҷом дода, чахчӯбро аз хурма берун меовард. Рӯғани ботароват чун абрҳои баҳорӣ дар сари дӯғи сафед туп зада, бӯи хуши олуда ба турширо ба атроф паҳн мекард. Зан маскаро бо кафлеси калони чӯбин, ки аз кӯҳнагӣ синну солаш маълум набуд, бардошту табақро пур кард. Аз баҳри порчаҳои хурди рӯған, ки дар рӯи дӯғ шино мекарданд, гузашту рӯ ба духтараш овард.

  • Биё, кумак кун, дӯғро ба халта бирезам.
    Фаришта мехост дар бораи меҳмонҳои шаби гузашта аз модар суол кунад, аммо фузулӣ нашавад гуфта, аз ду гӯши хурмаи сафолӣ бардошт.
  • Падарам имрӯз сари кор кор намеравад?- пурсид ӯ, ки ҳамзамон сари халтаи сафедро мебаст ва вонамуд мекард, ки ин суолро фақат аз рӯи кунҷкобӣ мепурсад.
  • Кор мекунад, гуфт дертар меравад.
  • Субҳонаашро омода кунам?
  • Ту қаймоқро бардору чойро дам кун, нону тухмро худам мебарам. Зан дастархони шабмондаро дар бехи дарахти зардолу афшонд. Селаи гунҷишкҳои гурусна, ки интизори нонрезаҳо буданд, ба замин нишастанд ва якдигарро задаву куфта “субҳона” мехӯрданд. Саги сиёҳ ҷумбон-ҷумбону хамёзакашон аз роҳрав ба тарафи кат рафт ва дар ҳасрати устухон ду қадам дуртар каҷпаҳлу зад.
    Марди хона субҳонаро таври маъмул аз қаймоқ оғоз кард, духтараш чойро се дафъа гардонду даст пеши бар дар назди падар гузошт ва ба қираи чашм ба ӯ назар андохт.
    Абрувони сермӯи мард ба макони азалиашон баргашта, чеҳраашро нармтар нишон медоданд. Бо нону дастархон меҳрубон буд. Фаришта саҳнаи субҳонаи падарашро дақиқа ба дақиқа аз ёд медонад. Мисли намоишномаи қадимӣ, ки ҳунармандони театр ҳар мавсим такрори ба такрор иҷро мекунанд.
пешина
аз 473
навбатӣ