ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Яке аз онҳо, ҳамоне, ки камгап буд, хотирхоҳат шудаст, мегӯянд одами хуб аст, аз панҷ панҷааш ҳунар мерезад.
Чандин сол дар тарафҳои Русия будаст. Ҳамин рӯзҳо баргаштаст, хонаводаи сарватманд аст, мехоҳанд барояш ҷуфт бигиранд. Ман розигӣ додам... ту ҳам синну солат ба ҷойе расидааст, агар ҳоло шӯ накунӣ, як умр танҳо мемонӣ, - мард нутқи кӯтоҳашро ба итмом расонд ва сарашро ба рӯи лаълии гӯшт хам кард.
Фаришта сархаму хомӯш буд. Хомӯширо халтаи чакка халалдор мекард, ки зардоб аз шиками дамидааш қатра-қатра ба тағораи холӣ мечакид ва “тақ-тақ” садо мебаровард.
Ашкҳои духтар бесадо ба доманаш чакиданд. Агар ашкҳояш набошанд, гумон мекардӣ, ки ӯ аз ҳарфҳои падар мутаассир шудааст ва аз ҳаё сар хам кардааст. - Ту ба ин гап чӣ мегӯӣ? - пурсид ниҳоят мард ва устхони урёни бегӯштро ба тарафи саги сиёҳ ҳаво дод. Саг ин бор фирефта нашуд, устухонро ин тарафу он тараф тоб доду дид, ки гӯште надорад, ноумедона ба ҷояш нишаст ва рӯяшро тарафи дарвоза гардонд.
- Чаро гап намезанӣ? Бигӯ фикратро бишнавем!?
Фаришта аз ғусса бӯғз кард, чашмони аз гиря сурхшудааш бо гӯшаи остин пок карду рӯ ба падар овард. - Падар, ман 29- солаам, аз рӯи инсоф аст, ки шумо маро ба марди шастсола ҷуфт мекунед?
- Кӣ гуфт, ки шастсола аст? Мумкин ба панҷоҳ нарасида бошад, ту ҳам он қадар ҷавон нестӣ, ки нозу нуз кунӣ.
Ҳамсолонат ду сол баъд бача зан медиҳанд, ту на шӯ дорӣ, на кӯдак на хонаву дар! - Наход ман ин қадар дармондаву пасмонда бошам, ки маро бо ҳар кӣ пеш омаду хушомад ба шавҳар медиҳед?
Чеҳраи мард аз хашм тира шуд. Ӯ дандон ба дандон месовид ва ҷумлаи муносиб мекофт, ки дами духатарашро батамом бубандад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё