Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Нақши духтар дар ин намоишнома бо расидани пойи модараш ба лаби кат тамом мешавад, ӯ оҳи сабук мекашад ва бо қадамҳои ношунаво ба ошхона бармегардад.
Ана, модараш лаълилии чинӣ дар даст аз дур намоён шуд.
Тухмбирёнро дар назди шавҳараш гузошту ҳанӯз пояш ба лаби кӯрпача нарасида овози шавҳараш баланд шуд.

  • Гӯшт набуд?- пурсид ӯ норозиёна.
  • Гӯшт ҳасту гуфтам, ки барои танаввӯъ имрӯз тухм бихӯрем.
  • Ман тухм намехӯрам, дар ин гармӣ кӣ тухм мехӯрад?!
    Пешонаи зан як лаҳза чин шуд, дар дил шавҳарашро ҳақорат дод. Аммо бо лабханди маҷбурӣ рӯ ба духтараш овард.
  • Рав бачам аз яхчол як ду бурида гӯшт биёр,- гуфт.
  • Худат биёр, ман ба духтарам кор дорам, гуфт мард ва табассуми мармузе дар лабонаш гул кард. Аз ин ҷумла дар пушти духтар мурғак дамид.
  • Бишин духтарам, - гуфт ӯ ва ба чеҳраи рангпаридаи духтараш чашм дӯхт.
    Фаришта аз ин меҳрубониҳо хубиеро чашмдор набуд ва оҳиста дар кунҷи кат нишаст.
    Зан дав-давон ба ошхона рафт ва он қадар зуд баргашт, ки ҳанӯз як калима ҳам аз даҳони шавҳараш берун нашуда буд. Маълум буд, ки шавҳараш дар бораи меҳмонии шаби гузашта ба ӯ чизе нагуфтаст. Аз бари боло гузашту бо лаби остин худро шамол дод, ҳаш-ҳаши нафаскашиаш паст намешуд. Мард бо гӯшаи чашм ба занаш норозиёна нигоҳ кард. Хеле фозилона сукут кард, бо ангуштонаш нӯги мӯйлабашро тоб дод, он қадар, ки мӯйлабаш мисли думи муш борик шуд.
  • Меҳмонҳои шаби гузашта хостгор буданд, - ниҳоят лаб ба сухан боз кард ӯ. Оҳиста гап мезад, ангор, мехост ҳар ҷумлааш нишонрас бошад ва касе натавонад ҳарфашро рад кунад.
пешина
аз 473
навбатӣ