Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо ба кӣ мегӯӣ!
Вақте зан ба миён даромад, “духтарҳоро ту аз роҳ мебарорӣ” гуфт ва гесувони ӯ кашиду рӯ-рӯи замин аз хона то байни ҳавлӣ баровард. Духтар аз тарс ба пойи падараш афтод, зорӣ кард, ки модарашро назанад. Духтаре, ки акнун қадам ба ҳаждаҳ мегузошт ва дар дил ҳазор орзуву ҳавас дошт, ночор ба ин издивоҷ розӣ шуд. Зан як моҳи дигар натавонист сар шона кунад, аз сараш қабза-қабза мӯй мерехт.
Ин ҳодиса алови чашми се духтари дигарро сахт гирифт ва онҳо амри издивоҷро бо сари хам ва ашк дар чашм пазируфтанд. Домодҳо одамони баде нестанд, аммо духтарҳо ба онҳо ишқу шавқ надоранд. Ҳафтаҳоро дар хонаи падар сипарӣ мекунанд ва шӯ ба ёдашон намерасад.
Зан хеле дар канори суфраи субҳона нишаст, он қадар нишаст, ки панҷаи офтоб ба рӯи кат расиду селаи пашаҳоро бо худ овард. Пашаҳои вақтсаркарда гоҳ дар пиёлаи асал дармемонданд гоҳ дар косаи қаймоқ. Зан талвосаи ҷонкании онҳоро медиду намедид. Сараш дар фикр гум буд, дилаш ба ҳоли духтараш месӯхт. “Наход духтари нозанинро ба як пиракӣ ба шавҳар диҳӣ? Инсофатро худо бигирад!” - мегуфт.
Қарор кард, ки ҳарчӣ бодо бод бегоҳ бо шавҳараш суҳбат мекунад. “Чӣ корам мекунад? Як қабза мӯи дигарамро меканад, намекушад ку!”- гуфт ба худ ва дастархонро ба пашаҳо гузошта ба суроғи духтараш рафт.
Фаришта имрӯз аз хонаи хобаш берун нарафт, чизе ҳам нахӯрд, якчанд меҳмони аз бозор баргаштаро, ки “соҳибхона!” - гӯён бе пушт-пушт ба ҳавлӣ ворид шуданд, модараш дар ҳуҷраи боло пазироӣ кард ва барояш дастархон кушод. Зан меҳмондӯстдор аст, аммо ҳоло дилаш на меҳмон мехост, на косаву дастархон. Меҳмонҳо ҳам аз чеҳраи гирифтаи ӯ рамуз бардоштанд, ки оши шабмондаро хӯрданду омин карданд.
Бегоҳ баъди ғизои шом, вақте шавҳараш ба дандонкобӣ шурӯъ кард, ба ӯ гуфт, ки аз ин васлат мунсариф шавад.

пешина
аз 473
навбатӣ