Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Духтарамро аз кӯча наёфтам, ки ба он пиракӣ диҳам.
Бигзор пирдухтар бошад, вале сиёҳбахт нашавад.
Мард суханони занашро хомӯшона гӯш мекард, зоҳираш ором буд, вале дарунаш аз ғазаб меҷӯшид. Даҳонашро чайқонду бо кароҳат ба пушти кат туф кард ва пиёлаи чойро бо шаст ба тарафи занаш партофт. Пиёла ба сутуни тараки ангур бархӯрду пора шуд ва як теғааш пешонаи занро шикоф кард. Ӯ аввал дардро эҳсос накард, гумон кард, ки чойи гарм аз пешонӣ ба рӯяш рехт. Кафидани пешонишро вақте дарк кард, ки домани куртаи сафедаш аз хун гулгун шуд.

  • Илоҳи, дастат бишканад, беинсоф!
    Ӯ пешонаи хуншорашро бо гӯшаи рӯймолаш пӯшонду бо фиғон ба сӯи хонаи духтараш давид. Хунравӣ то дер манъ нашуд ва ҷой захм варам кард. Фаришта пушаймон шуд, ки чаро модарашро ба гуфтугӯ бо падари ҷоҳилаш таҳрик дод ва ҷони ӯро дар хатар гузошт.
    Оташи ҷанг дар хона як ҳафта хомӯш нашуд. Мард бо ҳар баҳона занашро танбеҳ медод, косаро ба табақ мезад, арбада мекард, ҷанг мекофт. Духтару набераҳояшро, ки дидорбинӣ омада буданд, рӯи рост аз хона бадар кард:
  • Чӣ хабар аст ин ҷо, бишинед дар хонаҳои худ, як поятон ин ҷову пойи дигаратон он ҷо, зиндагӣ надоред шумо!?
    На субҳона мехӯрд на хуроки шом, бо нону дастархон ҳам қаҳрӣ буд. Чунон кард, ки фазои хона барои ҳама танг шуд, на худаш рӯз дошт ва намегузошт, ки дигарон нафаси осуда бигиранд. Зан аз тарс ба ҳуҷраи духтараш кӯчид.
    Як субҳ ду даст дар миён дар байни ҳавлӣ манъ шуду чунон ки сагро садо мекунанд, ҳамсарашро гуфт:
  • Ҳой, ин ҷо биё!
    Зан куртаи ларза дар тан аз хонаи хоби духтараш ба ҳавлӣ баромад. Мард ба ӯ наздик шуду ангушти ишораашро таҳдидомез дар зери димоғи ӯ такон дод.
  • Духтаратро насиҳат накунӣ, дар миёни мардум ҷавобатро медиҳам, бирав, бо духтарат куҷое меравӣ, чор тарафат қибла!- гуфт ва бо тантана аз ҳавлӣ берун рафт.
пешина
аз 473
навбатӣ