Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан аз нотавонӣ оҳиста ба замин ғеҷид ва бехудона зонувонашро бағал кард. Фаришта таҳдиди падарашро шунид, фаҳмид, ки ин охири кор аст ва ӯ ба ҷуз издивоҷ илоҷи дигар надорад. Дар паҳлуи модараш ба замин нишаст.
Чеҳраи зан афсурдаву пажмурда буд ва чашмонаш нур надоштанд. Ӯ дар ин як ҳафта ба андозаи даҳ сол пир шуд.
Модарро бағал карду аз пешониаш бӯсид ва бесадо ба ҳуҷра даромад. На фиғон кашид, на ашк рехт, гӯё ашк ҳам дигар бори ғами сангини ӯро намебардошт, ин кӯҳ буду он коҳ.
Мард ҳангоми ғуруб ба хона баргашт, дасту рӯяшро шусту либос иваз кард ва дар меҳмонхона ғел зад. Фаришта аз саҳар роҳи ӯро мепоид ва баробари баста шудани дари меҳмонхона бо қадамҳои устувор аз паллаҳо боло шуд.
Падараш дар такяи болишти баланд по рӯи по ба пушт хобида, бар чизе меандешид. Тоқиии чоргулашро рӯи синааш гузошта ва сарашро, ки мисли пӯстаки фарсуда гоҳ ҷояш пашм дошту гоҳ ҷояш аз бе мӯӣ ялақос мезад, бехудона мемолид. Ӯ ҳатто омадани духтарашро эҳсос накард. Фаришта аз ӯ чашм намеканд, гӯё ин мардро бори аввал медид, мисли бегонаҳо буд, ҳар қадар ҷуст, аммо дар ягон гӯшаи дилаш нисбат ба ӯ эҳсоси хубе пайдо накард. Ба ёд оварда натавонист, ки дар тӯли умри қариб сисола боре ҳам дилаш аз муҳаббати падар ҷӯш зада бошад.
Аз замоне, ки худро ёд дорад, ҳамеша аз ӯ метарсид. Вақте падар аз дар медаромад, панҷ хоҳар мисли аскар рост мешуданд. На сурмае на усмае на рангу боре, ҳамаи инҳо барои хоҳарон мамнӯъ буд. Боре хоҳари дуюмаш пинҳонӣ зулфонашро қайчӣ зад, хеле ба ӯ мезебид. Дар хона зулфонашро дар зери рӯймол пинҳон мекард, дар мактаб шона мезаду парпар мекард. Ҳамон шабу рӯз шохаҳои ангур аз серборӣ хам мезаданд ва падараш амр кард, ки духтарҳо хӯшаҳои пухтаро беозор аз шоха бардоранд. Хоҳараш аз навдаи баланди ток хӯшаҳои ангурро дар сабад ҷо мекард ва бо арқамчин ба поён мефаровард.

пешина
аз 473
навбатӣ