Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз чочҳои варамидаи модагов хун мечакид ва бачаааш ширу хуни модарро ҳарисона мемакид. Ҳайвони безабон нолиш мекард, аммо дилаш намешуд гӯсолаи гуруснаро аз пистонаш дур кунад:

  • Фарзанддорӣ ба ту ҳалол! - гуфт духтар ва халтаи алафро бо сатили пуроб дар пеши модагов гузошт. Гӯсолаи ширмаст фукашро ба шиками модараш мемолид, ангор, аз шир сер шуда буду дилаш ҳавои навозиш дошт. Фаришта пешонаи қашқаи модаговро навозиш кард.
  • Бихӯр сабзаи тарро, ошат шавад.
    Лаби ҳавз нишасту пойҳои саргинолудашро ба об дароз кард ва чашмонашро пӯшид. Ҳеҷ гоҳ ба ин адоза хобро муштоқ набуд.
  • Эй кош, бихобаму дигар барнахезам!
    Боқии шабро бо карахтӣ рӯз кард, саҳар ҳам аз хонааш набаромад. Ҳавлӣ холӣ буд, на хоҳар монд на хоҳарзода, ҳама қаҳр карданду рафтанд. Селаи майнаҳо ҳавлиро хилват ёфта хӯшаҳои нимпухтаи ангурро лош мекарданд, мехӯрданду бо худ мебурданд. Фаришта рӯзе чанд дафъа ҳамели қуттиҳои оҳаниро, ки барои тарсонидани майнахо дар шохи дарахт овезон буд, такон медод ва паррандаҳоро метарсонд. Аммо имрӯз майнаҳо гӯё тӯй доштанд ва ғиҷимғиҷим ангурҳои хому пухтаро ба ҳавлӣ пош медоданд.
    Фаришта ногоҳ дарк кард, ки ҳама чиз барояш бетафовут шудааст, мисли одамоне, ки дардашон аз марзи дард мегузарад ва дигар нороҳатиеро эҳсос намекунанд, на ашк мерезанд ва на оҳ мекашанд, гӯё ҳайкали санг мешаванд.
    Бо ҳамин, ӯ бегоҳи рӯзи дигар падарашро дид.
    -Шарти туро ба домод расондам, розӣ шуд, рӯзи шанбе барои бурданат меояд, чизу чораатро ҷамъ кун, ягон камбудӣ бошад гап зан аз бозор мегирам, матое ,тилловорие, - гуфт падар ва пушти сарашро хорид.
  • Ман ягон чизу чора намебарам, ҳамин куртаи танам кофист, бигӯед шабона биёяд, баъди хоби мардум.
пешина
аз 473
навбатӣ