Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Мехоҳӣ обрӯи моро дар назди одамони баобрӯ дар замин бизанӣ?
  • Мо магар обрӯ дорем? Фаришта мехост ҳар каломаш тирвор ба синаи падар бизанад ва ӯро захмӣ кунад.
    Падар суханҳои духтарашро ношунида гирифт. Ӯ мехост ҳар чӣ зудтар Фариштаро ба “хонаи бахт” гусел кунад ва ҷонаш аз таънаи мардум халос шавад.
  • Дар ин хона ягон одами зинда ҳаст, ки ба мо як даҳан нон бидиҳад!? - гуфт ӯ бо садои баланд ва сӯи ошпазхона нигоҳ кард. Фариштаву модараш ҳарду гӯш ба карӣ заданд.
  • Имрӯз чандшанбе аст? - бо ҳарос пурсид модар, ки гуфтугӯи падару духтарро аз пушти дар мешунид
    -Ҷумъа.
  • Воҳ! Пагоҳ туро мебаранд? Ӯ худро ба оғӯши духтараш партофту мисле, ки мурдаро нола мекунанд, овоз андохт.
  • Духтари бечораи ман, духтари бадбахти ман, духтари рӯзнодидаи ман...
  • Нигарони ман набошед, шояд ҳолу рӯзам аз он чӣ дар ин хона кашидам бадтар нашавад. Фаришта модарашро бӯсид, сари дардмандашро навозиш кард.
    Ба чеҳраи афсурда ва пешонии латтабанди модараш нигаристу дилаш реш шуд.
  • Худоё, ба ман ҳар дарду доғе бифристӣ розиям, модарамро дар паноҳи раҳматат ҳифз кун.
    Домод ҳамон тавр, ки духтар шарт гузошта буд, ними шаб омад, дар тан либоси домодӣ надошт, чеҳрааш мисли санг сарду дурушт буд, гӯё лабханд ҳеҷ гоҳ аз гирду гӯшаи лабонаш нагузаштааст. Танҳо набуд, ду ҳамроҳ дошт, - яке ҳамон марди ҳавобаланд, ки дафъаи гузашта хостгорӣ омад ва дигараш ҷавони 25-30-солаи болобаланду хушандом, ки ҳунармандони синаморо ба хотир меовард. Меҳмонҳо баромадани арӯсро дар кати рӯи ҳавлӣ интизор шуданд. Касе ба онҳо як пиёла чой ҳам пешкаш накард. Модар дар гирди духтараш парвона буд ва хоҳиш мекард, ки сандуқи арӯсиашро бо худ бигирад.
пешина
аз 473
навбатӣ