Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Хоҳиш мекунам, ба хотири ман, ба хотири падарат не, ҳамин куртаи махмали сабзро бипӯш ва ин чодари сафедро ба сарат парто, ҷонам фидоят не нагӯ, дили маро нашикан, - зори мекард зан. Фаришта хоҳиши модарро ба ҷо овард. Ӯро ба оғӯш гирифту ҷомадонро, ки як ду пероҳан дошт, сабук аз замин бардошт.
  • Меравӣ? Ман ҳам бо ту меоям!
    -Модар...
    Фаришта худро базур аз оғӯши модар раҳо кард ва бе он ки ба меҳмонҳо нигоҳ кунад, ба кӯча баромад.
  • Амак, хезед охир арӯс рафт - шӯхӣ кард ҷавони хушандом ва меҳмонҳо бо аҷала ба кӯча баромаданд.
  • Ман бо мошини худам аз ақиби шумо меоям, -гуфт падари арӯс ва ба сӯи мошинаш қадам бардошт.
  • Даркор нест! -фарёд зад духтар, - рафтани шумо зарур нест!
    Мард дар ҷояш шах шуд, меҳмонҳо бо тааҷҷуб ба якдигар нигоҳ карданд.
  • Янга рост мегӯяд, дар ин ними шаб саргардон нашавед, ман ӯро дарк мекунам, - гуфт ҷавон, ки мехост падари арӯсро аз ҳолати ногувор берун орад.
  • Ин тавр бошад, як дуо диҳед мо роҳӣ шавем, - хоҳиш карданд меҳмонҳо.
    Мард ошуфтаҳолона зери лаб ғурунгос заду даст ба рӯ кашид. Меҳмонҳо ҳам омин карданд.
    Янга шумо ҳамроҳи амакам ба ин мошин нишинед, ман ронандагӣ мекунам, - гуфт ҷавон ва мошини сафеди канори роҳро нишон дод.
    Ӯ мисли ҷавонмардони тарбиядида ҷомадонро аз дасти духтар гирифту дари мошинро барояш боз кард.
    Домод аз дари дигар ворид шуд ва дар кунҷи дигари ин мошини бузург нишаст, ба арӯс нигоҳ накард, ангор ӯро ҳам маҷбур зан медоданд.
пешина
аз 473
навбатӣ