ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Гову гӯсолаву бузу гӯсфанду хару хингали хоколӯд чун сели баҳорӣ ба пеш мехазид ва аз ҳар ҷо, ки мегузашт, чанг ба осмон мехест. Рамаи бадбахте буд, лоғару сархаму музтар, шаттахӯр. Чупони беинсоф он қадар ба пушти харҳо бор зада буд, ки бечораҳо бо камари хамида базӯр меҷумбиданд.
Қушқорҳои хашмгин ба думбаи қоқи харҳо шох мезаданд ва онҳоро маҷбур мекарданд, ки сареътар ҳаракат кунанд.
Харҳо аз дард ҳангос мезаданд ва гирякунон пеш мерафтанд.
Домод шояд ин мавридҳоро бисёр дида буд ё шояд далеле барои шитоб надошт, ки сар ба болишти сандалӣ пинак мерафт. Шояд ӯ ҳам бехобӣ кашидааст. Бо Фаришта ҳарф намезад, гуё на ҳамсар, балки аз роҳ мусофир бардоштааст. Фаришта аввал фикр мекард, ки шояд домод аз тафовути синну сол шарм медорад, аммо баъдан, дар маросими никоҳ эҳсос кард, ки ин мард чӣ балои дигар дорад.
“Бало ба пасаш, ҳамон беҳ, ки гап назанад!” Бори аввал чеҳраи шавҳарашро аз наздик дар оина дид.
Ӯ дар чашм айнаки сиёҳ дошту дар сар кулоҳи лабдор.
Либосаш ба синну солаш мутобиқат намекард, мисли ҷавонҳо либос мепӯшид, муйҳои дарози сиёҳу сафедашро мисли занҳо дар пушти сараш мебаст. Бе хаёли раммаву арӯси ҷавонаш буд, дар дунёи худ мезист. Ниҳоят рама рафту роҳ боз шуд, як ду гӯсфанди ланги аз саф монда дум-думи пардаи хок медавиданд, то рамаро гум накунанд. Дили Фариштаро ҳузн фаро гирифт, барраҳои қурбонии хеши падарашро ба ёд овард, ки бо шавқ алаф мехӯрданд ва намедонистанд, ки қассобе теғашро кайҳо барои онҳо қайроқ задааст. Ҳоло куҷо бошанд? Шояд куштанду пӯсташонро намак заданд ва калаву почаи бесоҳиби онҳо дар лаби ҷӯйбор ҳайрон мондааст? Саги сиёҳи ман чӣ ҳол дорад? Маро ёд мекарда бошад?
Рама рафту корвони мошинҳои пур аз чангу хок дубора ба ҳаракат даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё