Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мошини онҳо низ бо шаст такон хӯрду пешонии Фаришта ба сандалии пеши ронанда бархӯрд.
Домод гашти мошинро суст кард ва бори аввал рӯ ба арӯс овард. Чизе нагуфт, танҳо як нигоҳи кӯтоҳ андохт, дубора суръати мошинро афзӯд ва радиоро рӯшан кард.
Дар радио барномаи таронаҳои бомдодӣ ҷараён дошт.
Фаришта солҳо таҳти навоҳои ин барнома ҳавлӣ меруфту гов меҷӯшид, гоҳо бо овозхонҳо ҳамовозӣ мекард. Аммо ин ҳама акнун барояш он қадар дуру бегона буд, ки гӯё он рӯзгорро дар як зиндагии дигаре аз сар гузаронд. Дар он зиндагӣ ӯ чаҳор хоҳари чун парӣ зебо дошт, ки як рӯяшон офтоб буду як рӯяшон моҳтоб, модари меҳрубоне ҳам дошт, ки музтару дастнигар буд, аз падари номусалмонаш бисёр шаллоқ мехӯрд, аммо рӯзи дигараш механдид, гӯё, чизе нашудаст.
Дар он зиндагӣ ӯ хушдори зебое дошт, ки аз дидани чашму абрувони базебаш дилаш меларзид ва нафас дар гулӯяш дармемонд. Аммо ӯ мурду руъёҳои арӯси нимароҳро бо худ бурд. Дар он зиндагӣ ӯ барои хоҳарзодаи мижгондарозаш афсонаи духтари подшоҳро мегуфт, ҳамонеро, ки ба мӯйсафеди кӯзапушт издивоҷ кард, бехабар аз ин ки достони зиндагии худро пешгӯӣ мекунад. Ӯ аз баландии ағбаҳои тарснок бегонавор ба зиндагии гузаштааш назар афканд.
Ҳарчанд зеҳнашро тагу рӯ кард, хотироти хуше наёфт. Шояд дар кӯдакӣ рӯзҳои хубе дошт, аммо он ҳам дар зери гарду ғубори нохушии солҳои ахир нопадид шуд. Дар он зиндагӣ рӯзҳояш ҳама якранг буданд, балки беранг буданд, мисли таронаи як овозхони аз забонҳо афтода, ё мисли қатори роҳи оҳан, ки роҳи рафту баргашт дар ихтиёраш нест:

  • Чӣ фарқ дорад, ки ин ҳаюло маро куҷо мебарад ва бо ман чӣ мекунад, барои инсони маҳкум ба бадбахтӣ чӣ фарқ дорад, ғуссаро дар хонаи падар мехӯрад ё дар хонаи шавҳар,
  • бо ин фикру хаёл ду ағбаи яке аз дигаре баландтар пушти сар шуд ва мошин ба оғӯши дашти бузурги хазонзада фаромад. Дашти бузурге буд, ки сару бар надошт, шояд моҳе пеш гандумзор буд.
пешина
аз 473
навбатӣ