Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Домод чолокона аз мошин берун ҷаҳиду дарро боз кард ва ҳуштаккашон мошинро ба ҳавлӣ даровард. Чеҳраи гирифтааш боз шуд, ингор ба оғӯши унсури худ баргашт.
Фаришта беҷуръатона аз сандалӣ фаромаду дар назди чархи мошин шах шуд. Он чӣ аз шаб то ин лаҳза аз сараш гузашт боварнакарданӣ буд. Зане, ки шаби гузашта бо аҷала аз даҳонаш “бале”-ро берун кашиданд, субҳ нодамида аз хона берун карданд ва ба ин гӯшаи беодам оварданд, гӯё ӯ набуд, каси дигар буд.

  • Чӣ гуна ман бо ин моҷароҷӯӣ мувофиқат кардам? - аз худ мепурсид ӯ. Гӯё то ҳол хоб буду акнун касе ба сараш як сатил оби хунук пошиду бедораш кард. –Ин ҷо куҷо аст? Ин одам кӣ аст? Ман ин ҷо чӣ кор мекунам!? -ин суолҳо гаштаву баргашта дар зеҳнаш чарх мезаданд. Ҷойе, ки ин мард ӯро овард ҳавлӣ набуд, оғози як ҷангали бесару бар буд, ки диданаш одамро дар рӯз ҳам ба ҳарос меовард.
    Бо шигифтӣ ба давру бараш нигоҳ кард.
    Ҳавлиро аз ҷангал наҳри тезҷараёни арзаш ҳудудан се метр ҷудо мекард, ки соҳил надошт, ба замин баробар буд, ором ҷорӣ мешуд ва селаи паррандаҳо чун ибодаткунандаҳои намози дастаҷамъӣ дар канори он саф кашида, ҳамзамон сар хам мекарданду ба об нул мезаданд ва бо ҳам дар шохаҳои анбӯҳи дарахтони қадпаст ҳамели марҷон мешуданд. Атроф пур аз тарона буд, парандаҳо бо сад оҳанг овоз мехонданд.
    Домод дуздида ба Фаришта нигоҳ мекард, эҳсос кард, ки аз дидани ин манзара гиҷ шудааст, аммо ҳарфе назад ва ҳуштаккашон сандуқи ӯро аз мошин бароварду дар канори айвон гузошт.
    Хона бузург набуд, як айвон дошту се ҳуҷраи ҷудогона, аммо бо дарҳои замонавии оҳанӣ, деворҳои сафед, панҷараҳои плостикӣ ва боми оҳанинаш дар қолаби тасвири ин бешазори пур аз долу дарахти ваҳшӣ намегунҷид.
    Таҳхонаи мустахками бетонии зери ҳуҷраҳо ба назар се чаҳор метр баландӣ дошт ва мисли ошёнаи аввал менамуд.
пешина
аз 473
навбатӣ