Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аммо дарро боз карду ҳайрон шуд. Ҷевон холӣ набуд, як чанд куртаи занона дошт, куртаҳои дӯхти аврупоӣ ва дар рафҳояш тагпӯшҳои ҳарири занона. Тагпӯшҳорро бо эҳтиёт ва муҳаббат тавре чида буданд, ки гӯё онҳоро ба фурӯш баровардаанд:

  • Шояд ин ҳама моли иҷоранишинҳои қаблӣ бошад, вагарна кадом зани деҳотӣ либоси аврупоӣ мепӯшад!
    Дари ҷевонро пӯшиду либосҳояҳшро дар такягоҳи курсӣ овехт. Дилаш мехост куртаи махмали сабзро, ки аз дишаб чанд дафъа дар обу арақ тару хушк шуд, аз танаш дур андозад ва шӯрии арақу хоку чанги роҳҳро бо собун бишӯяд.
    Ӯ дар ҷустуҷӯи ҳаммом ба айвон баромад, дар атроф на ҳаммоме менамуд, на ҳоҷатхонае:
  • Наход ҷойи қазои ҳоҷат беша ва макони саршӯи лаби наҳр бошад? - саросемавор ба атроф нигоҳ кард ва чашмаш ба ҳуҷраи сеюм афтид. Рӯзҳои ахир ҳеҷ чизе ба андозаи ҳуҷраи сеюм ӯро шод накарда буд. Ин ҳуҷра ошхонаи муҷаҳҳазе буд, ки мизу курсиву ҷевони пур аз зарф дошт ва ду дари дигар, ки яке ба ташноб мебурд дигаре ба ҳоҷатхона.
    Дегхона ҳам дошт, пас оби гарм ҳам дорад. Ин кашфиёт Фариштаро хурсанд кард, мехост ҳар чӣ зудтар душ бигирад ва луқмае бихӯрад. Нигоҳаш ба борхалтаи рӯи миз афтод, ки пиразани нуронӣ ба сандалии пеши мошин гузошта буд. Ӯ ба борхалта даст назад, шарм дошт:
  • Боз нагӯяд, ки ғизоҳои додаи модарамро танҳо хурдӣ.
    Дегхонаро ба барқ васл карду интизор шуд то об гарм шавад. Ниҳоят гуруснагӣ бар шарму ҳаё ғолиб омад ва даҳони борхалтаро боз кард. Чӣ хурданиҳое буд! Кулчаву гӯшти яхнӣ, панир, мурғбирён, қандҳои рангоранг, шарбат, меваҳои тару тоза. Дилаш кулчаву гӯшти яхнӣ хост, ҳамон ғизое, ки ҳар субҳ дар хонаи падараш мехӯрд.
пешина
аз 473
навбатӣ