Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Аз ширбиринҷ бигир, хунук шавад маззааш мепарад, гуфт ӯ ва лаълиро ба тарафи Фаришта тела дод. Фаришта ба қабати ғафси равғани зард, ки ширу биринҷро пинҳон мекард, як-ду дафъа қошуқ заду табақро ба тарафи меҳмон тела дод.
-Бисёр хушмазза аст, шумо ҳам бигиред.
-Мо саҳар бо отаи бачаҳову акаи Рашид як табақ ширбиринҷ хӯрдем, инро барои худат овардам. Онҳо шикор рафтанд, акаи Рашид шаб тур партофта буд, шояд сайди хубе ба дом афтад. Отаи кӯдакҳо дар роҳи бозгашт маро бо худ мегирад. Гуфтам, шояд танҳо зиқ мешавӣ...барои ҳамин омадам.
Духтар чизе нагуфт, мехост, ки меҳмон лаб аз калом набандад, меҳмон беист суҳбат кунад ва аз зиндагии ӯ чизе напурсад. Ҳис мекард, ки ин зан аз шавҳари ӯ хабарҳое дорад ва ҳоло мехоҳад аз зери забони арӯси нав гап бигирад. Ин эҳсос ӯро бештар ошуфта мекард.
Меҳмон аз камгапии соҳибхона хиҷолат кашид. Ӯ гоҳ ба рӯғани яхбастаи рӯи ширбринҷ нигоҳ мекард ва гоҳ ба соати рӯи девор, ки ақрабакаш аз ҷой намеҷумбид, хаёлаш, ки меҳмони нохонда ба соҳибхона нафорид.

  • Бечора занак, аз ин қадар роҳ барои ман ғизо овардаст, маро бубин, ки ҳунари ду даҳан гап заданро надорам!
    Меҳмон зани одамдӯстдору дастархондор менамуд. Чоқ набуд, устухонҳои паҳн дошт, зани меҳнатӣ метофт, аз қаблии занҳое, ки бо шавҳарҳои худ хишт мерезанду девор мебардоранд, дар замин каланд мезананд ва ҳам гову молдорӣ мекунанд. Дар тан пероҳани шоҳӣ дошт ва ҳар гоҳ нохудогоҳ даст ба пероҳанаш мезад, наххои нозуки шоҳӣ дар панҷаҳои шахшулаш мечаспиданду ғоз медоданд.
    -Шумо намедонед, пештар дар ин хона кӣ зиндагӣ мекард?
пешина
аз 473
навбатӣ