Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зиндагии шаҳрро монда, омада дар як кунҷи кӯҳистон маскан гирифт. Мӯйсафеди хусурат ҳам одами хуб аст, ӯро дар ин мавзеъҳо бисёр эҳтиром мекунанд, “шайх” мегӯянд, аз баракати ӯ ба деҳа барқ омад, мавҷгири телефон насб шуд.
-Дирӯз қад-қади роҳ киштаҳои зиёд дидам, дар ин заминҳо кӣ кор мекунад?-пурсид Фаришта, ки мехост ситоиши “акаи Рашид” зудтар хотима ёбад.
-Шаҳриҳо ҳавасакӣ дар ин ҷо замин хариданду наску нахуд кишт кардаанд, аммо дер-дер хабар мегиранд, то мерасанд, ки наску нахудашон туъмаи гурозҳои ваҳшӣ мешавад.

  • Гурозҳо одамро ҳам мехӯранд?
  • Намедонам мехӯранд ё не, аммо ҳамла мекунанд, шабона ба хонаҳо наздик мешаванд, барои ҳамин мардум дарҳоро аз шом қуфл мезананд ва шабона танҳо берун намебароянд. Ту ҳам эҳтиёт кун, хонаат дар дохили беша аст.
    Духтар ҳодисаи шабонаро ба ёд овард, мехост онро ба Нигина нақл кунад, аммо кӯдак гиря карду модараш сӯзани гиребонашро бозкунон ба тарафи бачааш давид. Фаришта ба дастархон нигоҳ кард.
  • Шояд ягон хӯрок омода кунам?- пурсид ӯ аз Нигина
  • Хӯрок даркор нест, шикорчиҳо ҳамин соатҳо мерасанд ё кабк меоранд ё нахчир, якҷо кабоб мепазем.
    Шавҳари Нигина ҳамроҳ бо Рашид ва ду марди дигар, ки ҳар яке дар китф камон доштанд, аз беша бо лошаи мисли ғуноҷин бузург баргаштанд. Лошаро аз дасту пояш дар чӯби ғафсе баста, ҷасади овезонашро, ки аз он қатра- қатра хун мечакид чоркаса ба ҳавлӣ дароварданд.
  • Келин, як дастархон биёред, - раҳ ба раҳ фарёд зад яке аз шикорчиҳо, ки дасту пойи сайди дар замин хобидаро аз чӯб раҳо мекард. Духтар осемасар дар ҷустуҷӯи дастархон ба сӯи ошхона давид, вале чизе наёфт.
  • Дастархонҳошон ба назарам дар таҳхона аст, - гуфт Нигина, ки бачааш дар сари даст ҷумбуҷули шикорчиҳоро аз айвон тамошо мекард.
пешина
аз 473
навбатӣ