ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ин духтар чанд соли дигар доқ-доқу бо сари қоқ мегардад? Дар пеши дӯсту душман забонкӯтоҳ шудем.
Модараш бо садое, ки ба зӯр шунида мешуд, падарро тасаллӣ медод: - Сабур бошед мардак, духтар пиру бахташ мир мегӯянд, ин ҳам рӯзе ҷуфташро пайдо мекунад, зиқ нашавед.
- Хари мир роҳашро гум кардааст, ки ба хонаи ту биёяд, ба кӣ даркор пирдухтар, як сол баъд саг ҳам тарафаш намеҷакад!- бо қаҳр ҷавоб дод падар ва аз пасту баланд шудани садояш маълум мешуд, ки пушташро ба тарафи занаш гардонд. Зан таънаи шавҳарашро беҷавоб гузошт ё шояд чун ҳамеша “ҷанҷол нашавад” гуфту худро ба хоб зад.
Дили духтар сиёҳ шуд, ӯ бесадо ба ҳуҷраи хоб баргашт ва дар паҳлуи хоҳарзодааш дароз кашид. Хоб аз дидагонаш парид, оҳи сард аз дили пурдард кашид ва ба сарнавишти худ нафрин хонд. Ӯ духтари бузурги ин хонадон аст ва акнун ба
29 қадам мегузошт. Ҳамсолонаш мисли тири фалахмон кайҳо аз хонаи падарҳояшон берун ҷаҳиданд. Танҳо пойи ӯ дар гили ин хонадон дармондааст. Ҳаждаҳсола буд, ки ӯро бо ҷавоне аз деҳаи ҳамсоя фотиҳа карданд. Ҷавони зебои қоматбаланд буд, дили духтар ба ӯ мекашид. Шабона рӯи тахти хоб ба пушт мезад ва дар боли рӯъёҳо ба куҷоҳое намепарид! Шаби арӯсиашро тасаввур мекарду аз ҳаяҷон нафас дар гулӯяш мепечид. Он ҷавонро бо тамоми вуҷудаш мехост. Барои ӯ дастмоли домодӣ медӯхт ва бо лолаҳои арғувонӣ оро медод, ба кӯрпаву болишти гулдузӣ пахта пур мекарду косаву табақ мехарид. То рӯзи тӯй ками дигар монда буд, ки мошини домод ба ҷарӣ афтид ва ӯ ҷавонмарг шуд.
Духтар андуҳ гирифт, дилаш шикаст, орзуҳояш барбод рафт.
Аммо аз тарсе, ки нагӯянд духтари беҳаё будааст, рӯякӣ механдиду ашкҳояшро фурӯ мебурд, вале дар танҳоӣ сар зери кӯрпа мекарду мӯя мекашид. Баъди гӯру чӯби ҷавон модари духтар ҷиҳози овардаи он худораҳматиро дар як мошин бор карду ба хонаашон бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё