ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМодари домод ҷиҳозро диду фиғонаш ба осмон печид.
- Духтари бе пою қадамат писарамро ҷувонимарг кард. - гуфт ва бо ҳамин дари бахт ба рӯи духтар баста шуд.
Чанд сол касе ба хостгориаш наомад, баъдҳо як ду нафар пайдо шуд, ки ё занмурда буданд ё занҷалоб. Падараш аз издивоҷи духтари бузург умедашро канд ва хоҳарҳои ӯро баробари хатми мактаби миёна аҷулона пушти ҳам хонадор кард. Бо чеҳраи чун гул нозук, чашмони оҳуи рамида, қомати расо ва гесувони ба қадаш баробар духтари бузурги хонадон хори чашми падар ва боиси забонкӯтоҳии модар шуд.
Рӯзҳои зиндагиаш тӯлониву якранг шуданд, шабаш ба кундӣ рӯз мешуд ва рӯзаш ба сахтӣ шаб, на ишқе буд, на ошиқе. Умедашро аз издивоҷ канду хост ягон касб омӯзад, ки лоақал дастнигар нашавад. Аммо ҷуръат надошт бо падари бадҷаҳлаш маслиҳат кунад. Холаи душанбегиашро миёндаро кард. Падараш хоҳарзани таҳсилкардаашро бо эҳтиром “муаллима” мегуфт, аммо рӯзе, ки хола дар сари рули мошини “Jeеp” аз дарвозаи дутабақа ворид шуд ва бо шӯхӣ “духтарамро бо худам ба шаҳр мебарам” гуфт, мард мисли саги аз занҷир раҳида девона шуду ба ӯ дарафтод. Косаву табақро ба сари занаш зад, аз остини меҳмон кашиду ӯро аз дар берун андохт. Холааш аз он рӯз дигар пой ба погаҳи дари хоҳараш нагузошт. Ба тӯи хоҳарзодаҳояш даъватӣ буд, аммо наомад. - То он саги девона зинда аст, ман поямро ба он хона намегузорам! - гуфт.
Духтар акун хонанишин шудааст, барои маъракаи ҷавонҳо ӯ пир аст, барои пирҳо миёнсол. Ӯ номи зебое дорад
– Фаришта. Аммо ҳақу ҳамсояҳо ӯро пушти сараш “пирдухтари Сафар” мегӯянд. Инро борҳо бо гӯши худ шунидааст. Аз одамҳо мегурезад ва соатҳои бекориашро дар болохонаи пур аз китоби бобои худобиомурзаш сипарӣ мекунад ва аз воқеияти талх ба афсонаҳо панаҳ мебарад. Он қадр китоби афсона хонд, ки ҳисоб надорад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё