ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданӮ тамоми шаб сари болини ӯ бемордорӣ кард, гоҳ ба ба бачааш мерасид, гоҳ ба сари болини Фаришта медавид. То саҳар ҳазёнашро гӯш кард, пароканда ҳарф мезад, ҳарчанд гӯш фаро дод, аммо як ҷумлаи сиҳат ҳам нашунид. Танҳо ҳаминро фаҳмид, ки дӯстӣ бо ин духтари дарундор кори осон нест.
Таби Фаришта қарибиҳои саҳар паст шуд, эҳсос кард, ки забонаш аз ташнагӣ дар комаш часпидааст ва нафаси тафсон гулӯяшро месӯзонад. Хост аз ҷой бархезад, аммо аз беҳолӣ дубора ба бистар афтид. Нигина зани ҳушёрхоб будааст, зуд бедор шуду бачаашро аз пистонаш раҳо кард ва ба сари болини бемор шитофт.
- Чӣ мехоҳӣ, Фаришта, ҳолат беҳтар шуд?
- Об...
Нигина аз ошхона як коса об оварду дар паҳлуи бемор нишаст. Фаришта обро ба як дам нӯшид, лабашро бо остинаш тоза кард ва дубора сар ба болин гузошт.
-Худоро шукр, таб надорӣ, дишаб беҳуш будӣ, ҳамаро тарсондӣ. Нигина гапро давом додани буд, аммо Фаришта рӯ ба тарафи девор гардонд. На тоби дилбардорӣ дошт, на тавони сипосгузорӣ. Эҳсоси пучӣ мекард, гӯё саропо як халои бузурге буд, ҳатто вазни дилу ҷигар ва гурдаву рӯдаашро эҳсос намекард, мисле, ки шикамаш ҳам холӣ буд.
То зуҳр хобид ва агар Нигина бедораш намекард то рӯзи дигар аз ҷой баланд намешуд.
-Як ду қошуқ аз ин атола бихӯр, ҳолат беҳтар мешавад,- гуфт Нигина ва косаи умочро ба даҳони ӯ назик овард.
Фаришта иштиҳо надошт, аммо намехост ба ин зани бегона, ки тамоми шаб бемордораш буд беэҳтиромӣ кунад.
Ӯ оҳиста аз тахти хоб баланд шуд, тамоми баданаш дард мекард, гӯё то субҳ замин ҷуфт карда буд. Нигина аз ӯ чашм намеканд.
-Чӣ қадар духтари зебо аст, ҳатто ранги парида ва чеҳраи хастаааш ба ӯ мезебад, - ба худ гуфт ӯ ва қуттиҳои доруро, ки Рашид оварда буд, аз рӯи миз бардошт, то Фаришта набинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё