Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта баъди рафтани меҳмонҳо каме дар айвон нишасту манзараҳои атрофро тамошо кард. Афсурдагӣ дошту ҳама чиз дар ин мавзеъ барояш бегона менамуд, одамон, беша, наҳру паррандаҳо..., чизе ба дилаш намегунҷид, хаёлаш, ки кӯрпаро ба сар бикашаду дигар барнахезад. “Кампири Сокина мегуфт, ки ҳеҷ чизе ба андозаи ғусса одамро осону зебо намекушад, месӯзонаду об мекунад ва ҷон ба атса задан аз димоғ берун мешавад. Чун ҳамеша воҳима мекунад, кампир, агар рост мебуд, ман ҳамон соле, ки дар зери бори ғами марги номзадам маҷақ мешудам, бояд кайҳо мурда будам. Ҳоло дигар бо ғусса одат кардам, ғусса дар ман сабзиду реша давонд, буданаш як ҳолати маъмулии ман шудааст, набуданаш ғайри маъмул”. Фаришта бо ин хаёлҳои тира ба хонаи хобаш баргашту болопӯшро ба сар кашид.
-Иҷозат ҳаст?- ӯ садои тақ-тақи дар ва сипас овози Рашидро шуниду бо ҳарос аз ҷой баланд шуд. Дар як сония сад фикр аз сараш гузашт.
-Худоё, чӣ мехоста бошад? Мабодо бигӯяд, бас аст нозу нуз, ту зани шариатии ман ҳастӣ ва бояд вазифаатро иҷро кунӣ... Ё шояд бигӯяд, ки ту дирӯз маро дар назди мардҳо беобрӯ карда, бирав чор тарафат қибла.
Дарро боз карду як тараф истод то Рашид ба ҳуҷра ворид шавад.
-Иҷозат ҳаст бишинам?
Фаришта аввал дастпоча шуд, ранги рӯяш канд, аммо баъд тамоми ҷуръаташро ҷамъ карду сарашро бо ишораи “бале” такон дод.
Рашид ба яке аз курсиҳои канори миз нишаст, хеле ба замин нигарист, гӯё намедонист суҳбатро аз куҷо шурӯъ кунад, ҳоли одамеро дошт, ки достони тӯлонӣ дорад ва барои таъсирбахшии он пешгуфтор мебофад. Ниҳоят сар аз замин бардошту оҳиста ба гап даромад.
 Фаришта, агар хаёл карда бошед, ки шуморо барои як зиндагии заношӯӣ ба ин макони хилват овардам, иштибоҳ мекунед.

пешина
аз 473
навбатӣ