ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Барояш ҷойи кор пайдо кардем, дар ситоди низомиҳои сарҳадбон. Гуфт корро оғоз мекунад ва мо дар ин ҷо барои худ зиндагии зебое месозем.
Ҳамаи машваратҳоро кардему мехостам ба шаҳр баргардам ва барои издивоҷ розигии хонаводаро бигирам. Аммо мӯйсафед як бегоҳ бехабар омад, моро диду доду фарёд бардошт, занро дашном дод, таҳдид кард, ки агар ӯро пас нафиристам маро оқ мекунад. Мӯйсафед як одами мазҳабӣ аст, издивоҷ бо ғайримусалмонро қабул надорад. Маҷбур шудем шабро дар хонаи Нигина рӯз кунем. Фардои он рӯз бо дили хиҷил билет харидаму зани дӯстдоштаамро ба Русия фиристодам. Хеле гиря кард, гуфт дигар барнамегардад, аммо маро дар Русия интизор мешавад. Як моҳ базур тоқат кардаму боз гурехта рафтам. Қариб як сол дар Русия будам ва аҳд кардам, ки беиҷозати бузургон издивоҷ мекунам, шояд як рӯз не як рӯз моро бубахшанд. Аммо мӯйсафед ин дафъа бародарамро ба суроғам фиристод. Бародарам пеш аз он ки маро бубинад бо он зан мулоқот кард, намедонам ба ӯ чӣ гуфт, ки бегоҳ аз кор баргашту худаш маро рад кард, гуфт бо ман издивоҷ намекунад ва ин ишқу ошиқӣ сарфи беҳудаи вақт аст, аз пайи зиндагиам шавам. Ҳар қадар талош кардам, нашуд. Ӯ аз ман фирор мекард. Оғози тобистон буд, як моҳ пакару беҳадаф дар Русия гаштам, вале билохира ба фишори мӯйсафед тоб наовардам ва ба ватан баргаштам. Рашид достонашро дар ин ҷо қатъ карду сигори дуюмро аз қуттӣ баровард. Панҷаи хуршед ҳарири дудро дар фазои хона алвонҷ медод ва домани онро ба сӯи панҷараи боз мекашонд.
Чеҳраи отобхӯрдаи Рашид бо ҳар сигор тиратар мешуд ва бори ғаму андуҳ шонаҳояшро хам мекард. Ӯ як дуди амиқ гирифту ба достонаш идома дод.
-Маро аз фурӯдгоҳ рост ба хонаи шумо бурданд.
Бародарам одами замонавӣ аст, ҳоли маро дарк мекард, аммо наметавонист рӯи ҳарфи муйсафед, ки ба мо ҳаққи падарӣ дорад, ҳарф бизанад. Дар хилват ба ман гуфт, ки ин издивоҷ ба эҳтироми волидонамон аст ва баъди марги онҳо ман медонаму дави аспам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё