Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То баҳор ин ҷо мемонем, медонам, ки дӯстии маро қабул надоред, ҳаддиақал метавонем бидуни ҳеҷ тааҳҳуде, мисли ду ҳамсоя зери як сақф зиндагӣ кунем.
Барои дигарон, махсусан барои Нигина ва шавҳараш, ки бо хонаводаи ман робита доранд, мо нақши зану шавҳари хубро мебозем, барои ҳамин хоҳиш дар ҳузури онҳо маро “шумо” садо накунед, бигзор ба хонаводаи ман гузориш диҳанд, ки мо бо ин издивоҷ канор омадем. Баҳор ба Душанбе меравем, барои шумо хона мехарам ва ба хонаводаам мегӯям, ки ситораҳоямон бо ҳам мувофиқ наомаду ҷудо шудем. Бовар дорам, ки дар шаҳр роҳи зиндагии худро пайдо мекунед...
Ман дар шаҳр хола дорам, ӯ ба ман кӯмак мекунад, соҳибкор аст, гуфт буд бароям ҷойи кор меёбад ва ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ мебарад, - Фаришта, ки аз хурсандӣ намедонист дар куҷои ҷумлааш нуқта гузорад.
-Боз беҳтар.
-Шумо маро умедвор кардед... Фаришта аз хушҳолӣ мехост ба пойи шавҳараш афтад.
-Агар ҳама кор аз рӯи гуфтаи шумо амалӣ шавад, ман умре дуои ҷонатонро хоҳам кард.
Ҳарду хомӯш шуданд, шояд рӯзеро тасаввур мекарданд, ки ин издивоҷ баҳам мехӯраду онҳо бо ҳам хайрухуш мекунанд ва ҳар яке бо роҳи худ меравад. “Худо чӣ қадар тулонӣ аст, расидан то баҳор!” Хомӯширо Фаришта вайрон кард.
-Акаи Рашид, як савол дорам...- гуфт ӯ беҷуръатона.
-Бипурсед...
-Чаро маро ба ин ҷо овардед? Рашид маҳзунона лабханд зад.
-Аввалан, ин яке аз шартҳои падарам буд, ӯ метарсид, ки агар шумо дар шаҳр бимонед, ман зани дӯстдоштаамро пинҳонӣ ба ин хона меорам ва бо ӯ издивоҷ мекунам.
Сониян, худам ҳам ҷонибдори овоза шудани ин издивоҷ набудам, медонистам, ки ин ҷуфтгирии маҷбурӣ умри тӯлони надорад.

пешина
аз 473
навбатӣ