Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хоҳиш кардам, дигар “шумо” нагӯӣ, аз ҳоло бояд хеле мувозиби рафтору гуфторат бошаӣ, агар хонаводаи ман ба воқеъӣ будани заношӯии мо заррае шубҳа кунанд, ин барномаи мо барбод меравад. Ҳоло бо ман биё, туро бо дӯстонам ошно мекунам, -гуфту духтарро ба лаби наҳр даъват кард.
-Тобистони гузашта як ҷуфт паррандаи ошиқро ром кардам, онхо хеле зебову дӯстдоштанианд, вафодор, меҳрубон, хушгуфтор. Ман ин ҷуфтро ба ту ҳадя мекунам.
Рашид ҳуштак кашиду ду паррандаи рангинбол, ки Фаришта онҳоро рӯзи авали ба ин хона расидан, дида буд, болзанон аз лобалои шохаҳои пур аз мурғакони ваҳшӣ ба шохи дарахти канори наҳр нишастанд. Онҳо бо чанд нағма овоз мехонданд.
Фаришта дудила шуд, аммо қадам ба пеш гузошт.
-Инҳо бо шумо унс гирифтаанд, шояд маро нахоҳанд..
-Наздиктар биё ва дастатро дароз кун, мебини, ки мехоҳанд ё не.
Фаришта ба дарахт наздик шуду ба сӯи шохае, ки дар он ҷуфти ошиқ менишаст, даст дароз кард. Мурғакони хушбол, ки парҳояшон ҳазор ранг дошт, рамиданд ва ба шохаи баландтар нишастанд.
-Гуфтам, ки маро намехоҳанд...
-Зуд таслим нашав, дубора ба онҳо даст бидеҳ, ягон ҳарфи ширин бигӯ.
-Ширинсуханиро балад нестам, акаи Рашид, вагарна ҳоло ин ҷо набудам, - гуфт Фаришта бо лабханд ва эҳсос кард, ки дилаш кушода мешавад. Дубора ба сӯи паррандаҳо даст дароз кард ва пурсид, ки кадоме аз инҳо мода аст.
-Ҳамоне, ки минқораш сурх аст, ангор, ба лабонаш ранги сурх молидааст, - гуфт ӯ бо ҳаяҷон.
-Хушгилхонум, биё бишин ба дасти ман, аз нӯлакат мучӣ кунам, аз думакат қайчӣ кунам. - Фаришта баланд хандид.
-Ин шеърро дар соли аввали дабистон аз бар карда будам, имрӯз ба кор омад!

пешина
аз 473
навбатӣ