ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Оне, ки минқораш сурх буд ба шохаи поёнтар фаромад ва каме ҳуштак кашиду суруд хонд ва ба кафи дасти духтар нишаст. Зуд рому ором шуд, аммо ҷуфти ӯ бетоқатона аз як шоха ба шохаи дигар мепарид ва беист чиррас мезад.
-Натарс, ман мӯрчаро озор намедиҳам, чӣ бирасад ба ин хушгилхонуми шумо, -гуфт Фаришта ва кафи бозашро ба сӯи парранда дароз карду ӯро аз шоха бардошт, ҳардуро ба чеҳрааш наздик оварду ба рухсоораҳояш молид. Ҷуфти ошиқ бо ширинтарин лаҳн барояш тарона хонданд. Гоҳ бо як оҳанг гоҳ бо оҳанги дигар.
-Инҳо булбулҳои ваҳшиянд, - тавзеҳ дод Рашид ва аз духтар хоҳиш кард, ки ҳар рӯз дар лаби айвон барояшон дон гузорад, то унс бигиранд.
-Тобистони гузашта зани дӯстдоштаи ман ҳар рӯз барояшон дон медод ва ин ҷуфти ошиқ аз айвони мо дур намешуданд, беист овоз мехонданд, ба айвон ки мебаромад ба сару шонаҳояш менишастан ва гунаҳояшро мебӯсиданд...
Ӯ рафту булбулҳо ғусса хӯрданд, дигар овозашон намебаромад, чанд муддат тоқат карданду баъд ба беша багаштанд акнун бо ту унс мегиранд ва ба шонаҳои ту менишинанд. Ту ҳам меравию ин бечораҳо боз афсурдагӣ мегиранд.
Он рӯз барои Фаришта яке аз беҳтарин рӯзҳои зиндагиаш буд. Мегӯянд одами ғарқшаванда аз хас ҳам мадад меҷӯяд, Фаришта дар симои ин мард як муттакоро медид, ки пушти холиашро пур мекард.
Зиндагиаш тадриҷан ранги дигар мегирифт, манзараҳо низ барояш дилнишин мешуданд, ӯ худро ба кор мезад, мерӯфту мешуст, мева хушк мекард, ширинӣ мепухт, хӯришҳои зимистониро дар зарфҳои шишагӣ қатор мекард.
-Фаришта, чаро ин ҳама ширинӣ мепазӣ? Кӣ мехӯрад ин ҳамаро? - мепурсид Рашид.
Ман ин шириниҳоро барои туву зани дӯстдоштаат мепазам, вақте ӯро ба ин хона бармегардонӣ, мехоҳам заҳмат накашад, аз ин хӯришҳову шириниҳо нӯши ҷон кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё