Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаришта дид, ки дугонааш даст бардоштанӣ нест, гапро ба шӯхӣ бурд.
-Магар метавонистам наоям, ту аввалин одамизоде будӣ, ки ман дар ин пушти Кӯҳи Қоф дидам. Нигина шӯхиро нафаҳмид.
-Кадом пушти Кӯҳи Қоф?
-Ҳамон ҷой, ки парранда пар занад параш ва дарранда қадам гузорад пояш месӯзад, - гуфт Фаришта, ки аз соддагии дугонааш завқ мекард.

  • Ҳа-а, акнун фаҳмидам, ту мо қишлоқиҳоро масхара мекунӣ! - гуфт Нигина ва мисли занҳои ҷангара дастонашро дар миён гузошту вонамуд кард, ки озурда шудааст. Ҳарду бо овози баланд хандиданд. Бачаи Нигина, ки дар рӯи гилем ба шикам роҳ мерафт ва “гиғу-биғ” суруд мехонд, аз хандаи баланди занҳо ҳаяҷонӣ шуда, ғелзанон ба назди модараш омад. Хушҳол буд, шояд дандонҳояш неш заданд. Нигина дастархони зебое орост, ки ба гуфтаи кампири Сокина “ҳазор нӯшу неъмат” дошт. Меваи хушку тар, мағзу мавиз хӯришҳои алафӣ, хуллас ҳар чӣ дар ин дастархон буд, ҳамаашро табиати ҳамин диёр ройгон ба онҳо медод.
    Дилашон гӯшт бихоҳад, ба беша шикор мераванд, меваҳои хушку тарро аз дарахтҳо мегиранд, наску нахуду сабзаҷотро аз киштаҳо мебардоранд. Ҳамин аст, ки мағозаи сари роҳ ба ҷуз либосу палоси сохти Чин дигар чизе надорад. Нигина мегӯяд, ки соҳибаш дӯконро бастани буд, аммо бахташ баландӣ карду маҳвораи ширкати мобилӣ ба кор даромад ва ӯ пур кардани ҳисоби муштариҳои ин деҳа ва се деҳаи атрофро бар дӯш гирифт.
    Соҳибхона бо гушти кабк оши палав омода кард, дастпухташ ҳарф надошт. Гуфт, зиёд нахӯрем, оши бурида дар роҳ аст.
    -Нигина, агар ҳар дафъа барои мо чунин суфраи шоҳона боз кунӣ, ману Фаришта маҷбур мешавем дарвозаи хонаамонро бузургтар кунем, - шӯхӣ кард Рашид ва ҳама баробар хандиданд.
пешина
аз 473
навбатӣ