Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хандаи Фаришта аз ҳама балантар садо дод. Нигина ва шавҳараш аз замони расидани меҳмонҳо чашм аз онҳо барнамедоштанд, гӯё, имтиҳон мекарданд, ки ин ду нафар бо ҳам чӣ тавр муносибат мекунанд. Ғайри чашмдошти онҳо Рашиду Фаришта бо ҳам меҳрубон буданд ва мегуфтанду механдиданд. Зану шавҳар маънидорона ба ҳам нигоҳ карданд.
Бегоҳ вақте бозгашт Нигина барои меҳмонҳо дар як табақ ош ва дар як баста гӯшти кабк дод, меҳмонҳоро ҷавоб додан намехост, хаёлаш, ки шабро дар хонаи ӯ рӯз кунанд.

  • Барои одами чақ-чақӣ танҳоӣ воқеан сахт аст”, - аз дил гузаронд Фаришта ва Нигинаро самимона бағал кард.
    Ӯ мехост торик нашуда ба хона баргардад.
    Рӯз дар ин мавзеи афсонавӣ ба ҳазор ранг ҷилва мекунад ва бо ҳазор лаҳн садо мебарорад, аммо шабаш бо дурахши чашмони гурозҳои ваҳшӣ ва уллоси гургу шағол ваҳмангез аст.
    Фаришта рӯзҳои аввал аз садои тир ба ваҳшат меафтод, гӯшҳояшро бо дасташ мебаст, аммо тадриҷан одат кард. Гоҳгоҳ шикорчиҳои ношинос, ки дар пушт халтаҳои калон доранд, дар мекӯбанд ва обу нон мепурсанд. Халтаҳои вазнинро ба замин мегузоранду нону об мехӯранд. Хуни лошаҳо аз халтахо ба замин метаровад ва замини ташна хуни гармро дам мекашад.
    Фаришта ба шикорчиҳо наздик намешавад, нону чойро дар лаби долон мегузораду ба хонаи хобаш мегузарад, нафаси амиқ мегирад ва дастонашро маҳс мекунад, то дубора ваҳшатзада нашавад.
    Бегоҳе, ки онҳо аз хонаи Нигина бармегаштанд, дар роҳ сарҳадбонҳои мусаллаҳро диданд, ки чеҳраҳояшон мисли ҳайкалҳои сангӣ сарду гирифта буд. Се нафар дар болои зиреҳпӯш менишаст ва чеҳраи як ду нафари дигар аз дохили мошин менамуд. Сарбози малламӯе аз болои зиреҳпӯш берун ҷаҳида мошини Рашидро манъ кард ва даст ба пешонӣ бурду бо шеваи низомӣ салом дод.
пешина
аз 473
навбатӣ