ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Куда едем? Кто это с вами?- пурсид ӯ бо забони русӣ.
-Мы едем домой, эта моя жена, мы живем на холме, были в гостях у друзей, в нижнем кишлаке,- гуфт Рашид ва санадҳояшро ба марзбон дарз кард. Марзбон аз шунидани калимаи “жена” бори дигар аз панҷара ба духтар нигоҳ кард ва дар лабонаш табассуми тамасхуромез пайдо шуд.
-Это вы живете, в том белом доме с голубой воротой.
-Да, это наш дом.
-Будьте осторожны, есть информация, что афганские наркодиллеры орудуют ва заброшенных кишлаках вдоль границы. Они все тропинки знают наизусть...так что, бдительность не помешает,- гуфт сарбоз ва санадҳои Рашидро баргардонд.
-Что мы должны делать? Мы живем там одни...у меня только охотничье ружье.
-Подождите минуточку, - гуфт сарбоз ва тавассути дастгоҳи мухобирот ба ҳамроҳонаш дар дохили зиреҳпӯш чизе гуфт ва суҳбаткунон ба назди онҳо рафт. Ӯ баъди чанде дар даст таппонча баргашт.
- Это не боевое оружие, это сигнальный пистолет. Если в обнаружите чего то, или кого то, дайте сигнал, мы приедем на помощ. Сарбоз дасташро ба пешониаш бурду худоҳофизӣ кард ва чолокона ба болои зиреҳпӯш ҷаҳид.
Рашид то дергоҳ аз ҷояш наҷумбид, таппончаро таку рӯ кард, ва баъд ба Фаришта дод.
-Дар дасти ту бошад беҳтар аст, умедворам ҳеҷ гоҳ даркор нашавад,- гуфт ӯ ва ба фикр фурӯ рафт. Духтар ҳарфҳои сарбозро фаҳмид, чизе напурсид, ҳамон рӯзе, ки Нигина гуфт аз деҳкадаҳои валангори назди марз кишоварзони афғонро тамошо мекунанд, аз дилаш гузашта буд, ки ин минтақа чандон амн нест.
Дидори тасодуфӣ бо марзбонҳо хотири Фариштаро чанд рӯз мушавваш кард, аммо баъд ба корҳои хона мушғул шуду он рӯз аз ёдаш рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё