Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • афғони мусаллаҳ, ки зоҳиран раҳбари ин даста буд, авлоди ронандаро ҳақорат кард ва рӯ ба ҳамроҳонаш овард.
    – Сареътар ҳаракат кунен, чуп шавен садо баланд накунен!
    Ҳаво сард буду замин пур аз барф, онҳо хазидаву ғеҷида пеш мерафтанд. Духтар ҳатто дар по ҷӯроб надошт, ӯро бо ҳар чӣ дар танаш буд, ба дохили мошин партофтанд. Ӯ мутеъона аз думболи гаравгонҳо мерафт. Фикри фирорро дарҳол аз сар дур кард, магар мешуд аз ин дастаи мусаллаҳ фирор кард? Мижгонҳояш ях баста мисли хор чашмонашро озор медоданд, оби димоғаш дар лабҳояш ях мебаст.
    -Як дақика сабр кун, -гуфт ба роҳбалад як афғоне, ки ба думболи Фаришта меомад, -Ина сару даҳанша пушен, ки сармош мезана! Оне, ки саркардаи гурӯҳ буд, аз халтаи пушташ як рӯймоли патунаморо берун овард ва ба пушт ҳаво дод.
    Дастони духтар чизеро ҳис намекарданд, ҳатто баланд намешуданд. Ӯ мисли дарахти табархӯрда оҳиста ба замин афтид.
    -Ғулом сайб, сайъ ку, ба и зан чӣ шуд?
    Саркарда норозиёна ба пушт нигоҳ кард.
    -То қойиқ ду қадам монда, кумак кунед, буланд шава!
    Ду афғон аз ду китфи духтар гирифта рӯ рӯи барф кашиданд. Замини яхбаста лағжидани ӯро осонтар мекард.
    Ёд надорад, чӣ қадар ӯро каш-кашон бурдан, як замон пояш ба об ғутид, об ширгарм буд, ҳарорати ҳаворо банди пояш, ки дар зери почаи шалвор сармо нахурда буд, ҳис кард, пойҳояш на гармиро эҳсос мекарданд на сардиро.
    Ӯро мисли халтаи орд ба қоиқи на чандон бузург, ки шояд то даҳ нафарро меғунҷонд, бор карданд.
    -Сарои худа хам кунен, нурафканҳо шумора набина, -амр дод саркардаи гурӯҳ.
    -Бо сари хам бел бизанем?- гуфт кадоме аз афғонҳо норозиёна, -Хо, агар..
пешина
аз 473
навбатӣ