Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сарат дар китфат бори зиётӣ боша.. бардорушу бел бизан. Даҳони саркарда аз сарди гапро намегирифт.
Ҳама ба қоиқ нишастанду сарҳои худро дар байни зонуҳояшон пинҳон карданд. Ду нафар ба пушт хобида, бел мезаданд, қоиқ аз байни найистон пеш мерафт.
-Аҷаб, одам бояд чанд ҷон дошта бошад, ки ин қадар азият бикашаду намирад? - Фаришта пойҳои сармозадаашро дар зери домани тараш пинҳон кард ва дар як гӯшаи қоиқ мисли калоба ба худ печид. Хонаи Рашид, хандаҳои Нигина, чормағзҳои рӯи роҳ, хониши булбулҳои ошиқ акнун дар назараш биҳишти гумшударо мемонд. “Афсӯс, ки наметавонам сар бардорам ва бори ахир ба он деҳаи пушти Кӯҳи Қоф хайрбод бигӯям... Кампири Сокина мегуфт, дарду ғамро Парвардигор ба андозаи тавони инсон медиҳад, на бештар аз он.
-Шояд Парвардигор тавоноиҳои маро аз ҳад беш арзёбӣ мекунад.
Нурафкани марзбонҳо дар фарози дарё чарх мезад ва ҳалқа ҳалқа рӯшноӣ мепартофт, аммо на тире, на садое, ангор қоиқро дар ин дарёи бузург намедид. Сармо буд ё ваҳшату хастагӣ, ки Фариштаро ғанаб бурд.
Дигар чизеро эҳсос намекард, на сардиро на дардро, бадани вазнинаш мисли пари қӯ сабук шуд ва хоби ширине пардаи чашмонашро поён мекашид, мисли хобҳое, ки паҳлавонро ҳам аз по меафканад.
Баъд овози занеро шунид, садо мавҷзанон аз дур меомад ва то расидан ба гӯшаш акси садо мешуд, маълум набуд чӣ мегӯяд. Садо лаппиш мехӯрд ва бӯи нохушеро ба димоғи духтар мерсонд, бӯи тухми луқ ва пиёзи пӯсида. Ин бӯй пардаи хоби ширинашро медарид ва дилашро беҳузур мекард, мехост қай кунад аммо касе чанд силлӣ ба рӯяш зад.
Аз роғи чашмҳои нимабоз чеҳраи саркардаи қочоқбарҳоро дид.

пешина
аз 473
навбатӣ