Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

на, ба гуфти муаллифи тазкираи мазкур, дар «охири умр», ки пиру нотавон шуда буд, танҳо ба хотири назми рўзгори шоҳон тарки манзил намекард.
Гумон меравад, ки бо ҳамин сабабҳо Калим, баъди мусофирати дуюмаш ба Ҳинд, рў ба Кашмир ниҳодааст. Ин кор, албатта, бояд бо маслиҳат ва сарпарастии Шоҳиҷаҳон сурат гирифта бошад, зеро Калим, бо вуҷуди назарбаландӣ ва ғурури шоириву инсониаш, шоири дарбор буд ва наметавонист ба ихтиёри худ онро тарк бикунад. Ба ин васила шоир аз ҳасудонаш, ки бо сарварии малика Нурҷаҳонбегим – ҳамсари Нуруддини Ҷаҳонгир ва модарандари Шоҳиҷаҳон (дар «Мунтахаб-ут-таворих»-и Ҳакимхон, бино ба шаҳодати китоби мазкури Аҳрор
Мухторов, Нурҷаҳонбегим зани Шоҳиҷаҳон зикр шудааст) дар пайи озораш буданд, раҳо ёфтааст. Ҳамчун далели меҳру ихлоси Калим ба Кашмиру ҳокими он Зуфархон метавон байтҳои худи шоирро хотиррасон кард:

Ҳарчанд ғазалгўйиву мастӣ фани мо нест,
Чун тарҳи ғазал кард Зуфархон, чӣ тавон кард?

Ва билохира:

Фикри парвози гулистон дорад андар сар Калим,
Сози роҳи гулшани Кашмир сомон кардааст.

Ҳамин мемонад, ки кори олимонатару пухтатари таҳиякунандагони осори хондании шоирро хоҳон бошем.

1985

пешина
аз 323
навбатӣ