МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
ЧАНД ХОРИ ЯК ДАСТАГУЛ
Тавассути китоби «Таронаҳои дилангез» (мураттиб ва муаллифи пешгуфтор Худоӣ Шарифов. Душанбе, «Ирфон», 1986) рубоиву дубайтиҳои Абўсаиди Абулхайр, Бобо Тоҳири Урён, Бобо Афзали Кошонӣ ва Наҷмиддини Кубро мавриди мутолиа қарор мегиранд. Таронаҳои мунтахаб, ҳақиқатан ҳам, дилангезанд ва бо хати форсӣ ба чоп расиданашон имкон медиҳад, ки натанҳо хонандагони Тоҷикистон, балки шеърдўстони кишварҳои ҳамзабон низ аз ин китоб баҳраёб бошанд.
Мақсад аз ин сатрҳо, дар баробари изҳори шодмонӣ аз нашри чунин китоб, зикри норасоиҳоест, ки ҳамоно ин ҷову он ҷо роҳ ёфтаанд.
Дар сафҳаи нахуст, ки барои осори Абўсаиди Абулхайр ҷудо шудааст, ин рубоӣ омада:
Ё раб, ту замонаро далеле бифирист,
Намрудонро паша чу пиле бифирист.
Фиръавнсифатон ҳама забардаст шуданд,
Мусову Исову руди Ниле бифирист.
Дар вазни мисраъҳои сеюму чоруми рубоӣ сакта аст.
Эҳтимол нахусткалимаи мисраи сеюм «фиръавнсифат»
бошад. Дар он сурат вазн ҳам барҷо мешавад, маънӣ ҳам. Дар мисраи сонӣ вазни калимаи Исо сакта дорад ва мушкил он аст, ки агар Мўсову Исоро бо вергул ҷудо кунем, ифодаву баёни шеърӣ халалдор мешавад. Ин ҳама далолат мекунад, ки «Исо» - سیعی не, «асо» -عصا, асои Мўсо манзур аст. Мутаассифона, «с»-ҳои мухталифи ин ду вожа низ садди ғалатхонӣ шуда натавонистаанд.
Аз мисраи сеюми рубоии зерин ҳам калимае афтода, вазнро вайрон кардааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё