Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Аз чархи фалак гардиши яксон маталаб,
В-аз даври замона адлу эҳсон маталаб,
Рўзе панҷ дар ҷаҳон хоҳӣ буд,
Озори дили ҳеҷ мусулмон маталаб.

Азбаски дар матни хати форсӣ низ мисраи мазкур чунин аст, танҳо ба тахмин метавон калимаи афтодаро барқарор кард. Мувофиқи дархури ҳол агар калимаи «шаш» биафзоем, ҳам вазн дуруст мешавад ва ҳам матлаби шоир ҳосил. Яъне, «Рўзе шашу панҷ дар ҷаҳон хоҳӣ буд».
Дар рубоии дигар ҳам айни ин ҳол рух додааст:

Машҳуду хафӣ (?) ганҷи дақёнусам,
Пайдову ниҳон чу шамъ дар фонусам…

Ин ҷо ба тахмин эҳтиёҷ нест, чунки аз матни хати форсӣ шакли дурусти мисраъро мехонем: «Машҳуду хафӣ чу ганҷи дақёнусам». Ҳаминро бояд илова кард, ки мутаносиби ин ва дархурди ҷумлаи тоҷикӣ таркиби «шамъ дар фонусам» бояд «шамъи дар фонўсам» навишта шавад.
Калиди дари расоии мисраи охири рубоии дигар низ риояи вазн аст:

Оре, ҷоно, дўш ба бомат будам,
Гуфтӣ дузд аст, дузд набуд, ман будам.

Аён аст, ки «буд»-и «набуд» дар асл набудааст, яъне:
«Гуфтӣ: дузд аст, дузд на, ман будам!».
Рубоии дигарро мехонем:

Гуфтам: – Санамо, лоларухо, дилдоро,
Дар хоб намоӣ чеҳра боре моро.
Гуфто, ки равӣ ба хоб бе мо, в-он гаҳ,
Хоҳӣ, ки дигар ба хоб бинӣ моро.

пешина
аз 323
навбатӣ