Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

тибону ноширон, ба «чаманистони ишқу умедҳо» ворид мешавем, то гулҳои сухани шоирро серӣ бибўем ва низ бибинем, ки оё ин гулҳо бо дасти чӣ гулчине ва бо чӣ меҳру назокате дастабандиву пешкаши муштоқон шудаанд.
Бамаврид аст бигўем, ки ҳар ду ҷилд ҳам саҳву хатоҳои гуногуну фаровон доранд. Агар ғалатҳоро гурўҳбандӣ бикунем, гурўҳи бузургтар аз ғалатҳое бармеояд, ки ба сабаби нодуруст рўбардор кардани ҳуруфи форсӣ ва дар ин кор ба ҳисоб нагирифтани мантиқу суннатҳои шеър рух додаанд.
Воқеан, камбудии асосии кори бархе аз матншиносон, фирефтаи зоҳири матн шуда, ба умқи мазмун фурў нарафтан ва, маъниро сарфи назар карда, ҳуруфро китобат намудан аст. Ин, умуман, номақбул аст ва ҳангоме ки дар китобҳои нашри оммавӣ рух медиҳад, дучанд мақбул нест.
Хоҷа худ дархурди ин ҳол байте дорад, ки бидуни шубҳа натанҳо ба хонандагон, балки ба мураттибону котибони ашъораш низ нигарондааст:

Зи ҳар сатраш равон магзар чу хома,
Ба ҳар ҳарфаш фурў рав чун сиёҳӣ.

Маълум аст, ки хати ниёгонамон баъзе маҳдудиятҳо дорад. Вале агар ба умқи масъала фурў биравем, аён мешавад, ки ҳама он маҳдудиятҳо зоҳирианд ва аслан бар мантиқи устувор ва зеҳну фаросати инсонӣ асос ёфтаанд.
Чанд мисол меорем, ки тасдиқи ин фикранд. Дар яке аз сафҳаҳои аввали ҷилди якум ин байт омадааст:

Нақшбанди рухат аз ғояти ҳайронии хеш,
Ба тамоми маҳи рўйи ту наёрост ҳанўз.

Басо тааммулу андеша мебояд, ки ба асли байт бирасӣ.
Яъне, ба ин шакл:

пешина
аз 323
навбатӣ