Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Нақшбанди рухат аз ғояти ҳайронии хеш
Ба тамомӣ маҳи рўйи ту наорост ҳанўз.

Дар саҳифаи шашуми ҷилди аввал ин байтҳоро мехонем:

Он кӣ дар дил ҳаваси рўзи висол аст ўро,
Хоби хуш дар сар агар ҳаст, хаёл аст ўро…
Холи лабҳош ба хуни дили соҳибназарон,
Ташна аз чист, чу аз пеш зулол аст ўро…

Агар пайвандаки «ки»-ро, ки дар шакли бандакҷонишини «кӣ» омадааст ва аломати вергули охири мисраи сеюмро, ки нолозим аст, сарфи назар бикунем, зоҳиран ин банд норасоие надорад. Вале, агар батакрор ва ботаҳаммул бихонем, дар фуроварди ҳар мисраъ дармемонему кашиши сунъии вазнро ҳис мекунем. Аз ин рў, ба фикри мо, ҷузъи дуюми радифи ин ғазал бояд ба шакли «варо» биёяд, ки ҳам вазнро комилтар мекунад ва ҳам оҳангро хушояндтар.
Ҳамин ғалат батакрор ва дурушттар содир шуда:

Барпар аз ишқ ба боли малаке,
Ки ўро аҷнаҳа васфи малак аст.

Лекин, гумон меравад, ки ин ҷо бояд на «ўро» бошад, на «варо», балки хитоби «барпар» мухотаби «туро» тақозо дорад.
Байти дигарро аз назар мегузаронем:

Бинам ҳамеша чашми ту бемору саргарон,
Инҳост шеваи мардуми бисёрхобро.

Маъние бармеояд, ки «чашми ту бемору саргарон аст», лекин дар асл ин тавр нест. Чашм не, сар гарон мешавад.

пешина
аз 323
навбатӣ