Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ҷамъиятҳои хайрия ва сарватмандони бошуур мактабҳои навро дастгирӣ мекарданду ҳатто нияти мактабсозӣ доштанд. Аҷаб набуд, ки бо мусоидати муҳит батадриҷ дар мо низ, чун дар мамолики Фаранг, маорифпарвар шахсиятҳои сарватманде пайдо мешуданд, ки донишгоҳу фарҳангистонҳои ҳунар месохтанд, китобхонаву осорхонаҳо ба ёдгор мегузоштанд. Вале чаламуллову диндорони мутаассибу манфиатдор ва мактабдорҳои бе илму тарбия, ки равиши нави таълим ба давлату савлаташон рахна зада буд, чунон ки устод Айнӣ нигоштааст, «ошкорову ниҳон дар муқобили мактабҳои нав бархоста, ҳар рўз як ошўбу ғавғо барпо мекарданд, ба сари мактабҳову муаллимону тараққихоҳон ҳар соат як қазо меоварданд».
Мутаассифона, бар асари боди самуми ҷаҳлу таассуб, он ҳама шамъҳои маърифат хомўш ва шавқҳои атфол саркўб шуданд ва ниятҳои маорифпарварона мавқуф монд.
Устод Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», ки воқеан солномаи вазъу ҳолати он замон ва муборизаҳои беамон бо ҷаҳлу таассуб аст, менависад:
«Шабе дар хонаи яке аз дўстон ҳарфи ислоҳу танзими Бухоро ба миён омад. Ҳар кас ба тарзи ислоҳот орзуву хаёли худро мегуфт. Фақир гуфтам: «Агар ҳукумат худ дар сари ислоҳ бошад ва аз ман суол кунад, ки барои ислоҳоти Бухоро чӣ кардан лозим аст, мегўям: ду чиз – мактаб ва ҷарида!».
Ин далели дарки амиқу назари васеи маорифпарварони тоҷик аст ва собит мекунад, ки ин фирқаи соҳибдилу ҷонсўз, оқилу ҳассос ва пурталошу кўшои илму адаби мо

пешина
аз 323
навбатӣ