Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

дар он муҳити тираву тори ҷаҳлу таассуб чӣ қадр воқеӣ меандешидаанд.
Бинобар ин, самти дигари ҳамчунин муҳимми маорифпарвариро таъсиси рўзномаҳо ё ширкати фаъолонаи аҳли илму адаб дар кори онҳо донистан барҷост. Аз қавли устод Айнӣ, «Муҳаррирон мехостанд, ки ба дасти хонанда шамъе диҳанд, ки ба воситаи он шамъ хонанда худ неку бадро тафриқ намояд». Таваҷҷуҳ кунед: «худ неку бадро тафриқ намояд»! Ин принсипи матбуоти маорифпарварон бахусус имрўз басо барҷову омўзанда аст. Яъне, пешниҳоди мавод бояд тавре сурат бигирад, ки фикру ғояе ба хонанда таҳмил нашавад, балки бо далелу бурҳонҳо ба дарку шуураш расида, ўро табиӣ ба фарқи баду нек раҳнамоӣ кунад.
Ҷомеаи рўшанидўст шамъҳои маънавии маорифпарварон Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким – рўзномаҳои «Бухорои шариф» ва «Тўрон»-ро сар-сари даст мебурданду қадам-қадам роҳи хешу ҷомеаро мунаввар мекарданд. Дар як муддати кўтоҳ нашрияҳо бо афкори тозаву созанда мардуми зиёдеро ҷалб намуданд. Ин маҳбубият ба дараҷае буд, ки чун доираҳои манфиатдор бо баҳонаи харҷи бесуд нашри рўзномаҳоро қатъ карданӣ шуданд, «ҳамиятмандони Бухоро бо далолати Мирзо Муҳиддин Мансурзода як ширкати расмӣ таъсис карда, масорифи нашрро дар зиммаи худ гирифтанд». Бо вуҷуди ин, ҳукуматдорон, бо дастгирии намояндагони империяи Русия, рўзномаҳои мазкурро бастанд, зеро диданд, ки ҳадафҳои миллӣ доранд ва волотаринаш аз ғафлату нодонӣ раҳонидани мардум аст.

пешина
аз 323
навбатӣ