Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Хатм шуд бар Камол лутфи сухан,
Ҳар чӣ баъд аз камол нуқсон аст.

Аз ин шакли байт, ҳарчанд мулоҳиза бишавад ҳам, маънии бехалале барнамеояд. Барои асли онро ёфтан бояд дар сари маҳаки шеъри Камол – суханбозӣ андеша кард.
Яъне, танҳо яке аз ду «Камол» тахаллус аст. Шоир, бо камоли ифтихоре, ки аз лутфи сухани хеш дошт, бемисолӣ ва нотакрории ин хосияти шеърашро таъкид мекунад.
Байти мазкурро, бо иловаи аломати вергул дар мисраи дуюм баъди «Камол», дар ҳамин шакл ҳам метавон пазируфт. Вале он гоҳ бисёр содаву одӣ мешавад, ки на хосси лутфи Камол асту на исботи даъвои байт. Бинобар ин, ба фикри мо, ба тариқи зайл хонданаш мувофиқтар менамояд:

Хатм шуд бар камоли лутф сухан,
Ҳарчи баъд аз Камол, нуқсон аст.

Байти навро мехонем:

Зи ашки ношуда рангин, маноз бо рухи зард,
Заре, ки сурх набошад, чунон ба қимат нест.

Ҷузъи аввали мисраи якум дар ин матн маъние намедиҳад. Пас онро ҳам тобеи оҳанги муроҷиати мисраи аввал мекунем ва маънии дилхоҳу бо мисраи сонӣ мутаносибро мехонем:

Зи ашк ношуда рангин, маноз бо рухи зард,
Заре, ки сурх набошад, чунон бақимат нест.

Бедиққативу беаҳамиятии бештаре дар пораи зерин содир шуда:

пешина
аз 323
навбатӣ