МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Аз лаби Ширин тароши (?) бўс кардӣ, Кўҳкан,
Гар тавонистӣ дили бераҳми ў аз хода (?) сохт.
Ҳар чӣ хўрд он нўши лаб (?) хуни дили Фарҳод буд,
Ҳавзи Ширин чун зи чашми хунфишон фаввора сохт.
Воизи гирён чӣ месозанд мардум минбарат,
Тифливу дар гиря мебояд туро гаҳвора сохт.
Онро, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Туро зи далқи мураққаъ чӣ ҳосил аст, Камол,
Гарат суроҳиву ҷом мудом дуркаш нест.
Бар охири мисраи аввал вергули заруриро монда, сарҷумларо комил мекунем. Вале ҷумлаи шартӣ, яъне мисраи дуюм, бисёр хароб боқӣ мемонад. «Туро зи далқи мураққаъ чӣ ҳосил аст, Камол»? Воқеан, «зи далқи мураққаъ чӣ ҳосил аст»? Шайх Саъдиро ба ёд биёрем:
Ман аз ин далқи мураққаъ бадар оям рўзе,
То ҳама халқ бидонанд, ки зунноре ҳаст.
Аз рўйи ин қолиб Камол дар зери “далқи мураққаъ” суроҳиву ҷоми мудом – ҷоми доим, ҷоми ҳамеша (на «ҷом мудом») дорад. Фақат «дуркаш» номафҳум монд, ки мафҳуме ҳам нест. Асли он «дар каш» аст. Яъне:
Туро зи далқи мураққаъ чи ҳосил аст, Камол,
Гарат суроҳиву ҷоми мудом дар каш нест?
«Каш», ки ҳоло на ба ҳама фаҳмост, дар баъзе шеваҳо мустаъмал аст. Дар адабиёти классикӣ ҳам истифодаи Камол ягона нест. Бигирем байти Ҳофизро, ки моҳиятан низ ба байти мавриди тақриз қаробат дорад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё